Дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон вохӯрии устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо иштирокдорони Конфронси оби СММ – 2023 баргузор гардид. Дар вохӯрӣ асосан ба масъалаҳои сатҳи омодагӣ ва баррасии масъалаҳои марбут ба конфронс, ки раисии онро сарони кишварҳои Тоҷикистону Нидерландия ба уҳда доштанд, дахл карда шуд.
Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки зарурати ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи оби тоза шиддат мегирад, зеро обшавии пиряхҳо зери таъсири омилҳои гуногун босуръат афзуда, боиси тағйирёбии муҳити табиӣ ва офатҳои табиӣ мегарданд. Зимни вохӯрӣ ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Файзулло Машраб иброз дошт, ки то имрӯз вобаста ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 9 қатъномаи марбут ба масъалаҳои об қабул гардидаанд. Ҳадафи ташаббусҳои Сарвари давлати мо дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо тавассути дипломатияи об ва истифодаи оқилонаи захираҳои он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намудани мушкилоти ин соҳа ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо мебошад.
Султон Раҳимзода Раиси Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, ки бевосита иштирокчии Конфронси оби СММ – 2023 мебошад, дар вохӯрӣ гуфт, дар ҷараёни омодагӣ ба конфронс моро лозим омад, ки дар ҳама самтҳо кӯшишу талоши бештарро ба харҷ диҳем, то ин ки баргузории ин конфронс дар таърих ҳамчун як конфронси аҳамияти умумимиллидошта сабт гардад.
Дар вохӯрӣ Зафар Иброҳимзода директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир ба тӯҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи номи этникии “тоҷик” – тоҷи кунгурадорро дорад, экспонатҳои таърихӣ ва дигар дороиҳои илмиву фарҳангии миллати тоҷик, ки дар ҳошияи Конфронси оби СММ – 2023 дар Амрико ба намоиш гузошта шуда буд, ба устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд. Дар охир зикр гардид, ки маҳз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон боис гашт, то кишвари моро ҷаҳониён ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи обу иқлим шиносанд.
Парвина Самандарзода,
радиои “Тоҷикистон”