Вохӯрии Бароталӣ Пиров бо хонандагони Литсей-интернати Президентӣ

Имрӯз дар Литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқат вохӯрии корманди ҳифзи ҳуқуқ дар мавзӯи пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ миёни кӯдакону наврасон ва тарбияи онҳо ба худшиносии миллӣ, бо иштироки хонандагони литсейи мазкур, баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Бароталӣ Пиров сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе суханронӣ карда, иброз намуд, ки дар давоми се моҳ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 88 адад ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин хеле ташвишовар аст. Ба таъкиди Бароталӣ Пиров сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 90 фоизи ҷинояткориҳои ноболиғон дар муассисаҳои таълимӣ сурат мегиранд ва чуноне, ки таҳлил карда шуд дар бисёре аз муассисаҳо роҳбарону омӯзгорон ба ҷиноят даст задани ноболиғонро мебинанд, вале барои паст нашудани обрӯи муассисаашон хомӯш меистанд.

Дар идомаи вохӯрӣ Бароталӣ Пиров сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфт, ки тағйир додани андешаи ноболиғон аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ва ҷалби онҳо ба ҷинояткорӣ нисбатан осон аст ва дар ин росто истифодаи нодурусти интернет аз ҷониби ноболиғон боиси ривоҷи ин раванд мегарад. Ба андешаи Бароталӣ Пиров се роҳи асосии гаравидани ҷавонону ноболиғон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун вуҷуд дорад. Инҳо истифодаи нодурусти интернет, таълимоти динӣ гирифтан аз ҷониби шахсони маълумоти динӣ надошта ва паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ мебошад.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки соли гузашта миёни духтарон ягон намуди ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба қайд гирифта нашуда буд, вале имсол дар МТМУ рақами 1-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз миёни ду нафар духтар, дар вақти дарс задухӯрд ба амал омад, ки дар натиҷа яке аз онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон”