Аҳлиддин Тӯрдиев сармураббигии дастаи «Кӯктош»-ро бар ӯҳда гирифт

Пас аз гузаштани як рӯз аз истеъфои сармураббии «КМВА», Аҳлиддин Тӯрдиев ҳамчун сармураббии дастаи «Кӯктош» интихоб гардид.

Бояд қайд намоем, ки Аҳлиддин Тӯрдиев соли 2018 низ дар дастаи «Кӯктош» ба ҳайси ёрдамчии Алиҷон Тӯрдиназаров фаъолият карда буд.

Имсол «КМВА» бо шарофати фаъолияти ин мутахассис дар Ҷоми ФФТ ғолиб гардид, лекин баъди гузаштани 4-даври мусобиқа бинобар натиҷаҳои наонқадар хуб ихтиёран аз вазифа рафт.