1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо бардоштани парда аз рӯи лавҳа майдони Парчами давлатиро ба истифода доданд.
Баландии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 метр, дарозии матоъ 14 ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад.
Сохтмони майдони Парчами давлатӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли равон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ ба анҷом расонида шудааст.
Майдони Парчами давлатӣ дар маркази деҳоти Овчиқалъача 30 садякро ташкил намуда, дар он барои истироҳату фароғати шаҳрвандон мутобиқ ба талабот шароит фароҳам оварда шудааст.
Сокинони ин деҳоти дурдасти мамлакат бунёду ба истифода додани иншооти нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тадриҷан беҳтаршавии сатҳи зиндагиро ба дастгириву таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат марбут медонанд.
Дар майдони Парчами давлатӣ гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, барои шаҳрвандон нишастгоҳҳо насб карда шудааст. Фаввораҳо зебогии атрофи иншоотро афзун намудааст. Барои гашту гузор ва фароғати доимии сокинон равшании маркази деҳот ба инобат гирифта шудааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёду ба истифода додани Майдони Парчами давлатиро ба самараи Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату ягонагӣ марбут дониста, масъулони дахлдорро барои ҳамин гуна ободу зебо нигоҳ доштани атрофи муқаддасоти миллӣ вазифадор намуданд.
Ҳамзамон дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба масофаи 10 километр роҳҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров асфалтпӯш карда шудааст.