Моҳи апрел дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд мешавад. Давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар рӯзҳои алоҳида ба амал омадани боронҳои шиддатнокиашон гуногун, раъду барқ, жола ва шиддатёбии вазиши шамол аз сатми ғарб бо суръати то 17- 22 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат ҳавои имсола ба соли 2015 шабоҳат дорад.
Моҳи апрел дар шаҳри Душанбе ҳаво аз 15 то 23 дараҷа гарм мешавад.
Моҳи апрели соли равон дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ то 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Ҳаво аз 15 то 26 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳарорати миёнаи моҳона аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо ҳаво то 23 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ то 18 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво дар назар буда, дар водиҳо рӯзона аз 26 то 34 ва шабона аз 13 то 19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона аз 7 то 14 ва рӯзона аз 17 то 26 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон рӯзҳои алоҳида ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо ба амал омадани боронҳои шиддатнокиашон гуногун, раъду барқ ва жола аз эҳтимол дур нест.
Моҳи апрел дар вилояти Суғд ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ буда, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр то 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 23 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 12 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво дар назар аст. Давоми моҳ боронҳои шиддатнокиашон гуногун, раъду барқ, жола ба амал омада, шиддатёбии вазиши шамол аз сатми ғарб бо суръати то 17- 22 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво то 17 дарҷа гарм мешавад. Рӯзҳои алоҳида ба амал омадани боронҳои шиддатнокиашон гуногун, раъду барқ ва жола пешгӯӣ мешавад.
Моҳи апрел дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво 2+6 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Ба амал омадани бориш асосан дар намуди барф давоми даҳрӯзаи аввали моҳ пешгӯӣ мешавад.