27 марти соли равон дар кони ”Ангишти Шӯроб”, воқеъ дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфараи вилояти Суғд аз ихроҷи гази карбон ду нафар кӯҳкани ин кон ҷони худро аз даст додаанд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз онҳо 45 ва дуюмӣ 57 сол доштанд.
Гуфта мешавад, ба ҷойи ҳодиса фавран як взводи Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи
наҷотдиҳӣ – кӯҳии ин Кумита дар шаҳри Хуҷанд фиристода шудааст.
Онҳо ҷасади ҳалокшудагонро аз кон берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
Ин ду нафари ҷонбохта сокинони шаҳри Исфара будаанд.
Комиссияи Хадамоти назорати бехатарӣ дар саноат сабабҳои фоҷеаро таҳқиқ мекунад.