Имрӯз дар боғи фарҳангию фароғати ба номи А. Фирдавсӣ чорабинии бошукуҳ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ мардуми ноҳияи А. Фирдавсӣ дастархони идона иборат аз ҳафт сину ҳафт шин ороста, наъҳои гуногуни таъомҳои миллиро ба монанди суманак, шакароб, қурутоб, ширбиринҷ, ширкаду ва ғайраро омода карданд ва омадани фасли баҳору ҷашни Наврӯзро бо хурсандии зиёд истиқбол намуданд.
Дар оғози чорабинӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Шуҳрат Мақсудзода намояндаи Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Фирдавсӣ баромад намуда, иштирокчиёни чорабинӣ ва тамоми сокинони ноҳияи Фирдавсиро аз номи Ҳукумати мамлакат бо ин рӯзи фархунда муборакбод намуд. Дар идомаи суханронӣ Шуҳрат Мақсудзода намояндаи Ҳукумати мамлакат гуфт, ки Наврӯз ҷашни миллии қадимаи мардуми ориёинажод ва яке аз унсурҳои муҳими худшиносию худогоҳӣ ва унсури ҷудонопазири фарҳанги миллӣ мебошад.
Дар идомаи таҷлил аз иди Наврӯзи байнамилалӣ, Фирдавс Саидзода муовини раиси шаҳри Душанбе баромад карда, ҳозиринро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанде, ба хусус Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бо фарорасии иди Наврӯз табрику таҳният гуфт. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки баъди мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз, тайи чанд сол мешавад, ки шаҳри Душанбе ба меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ, муаррифгари суннатҳои миллию аҷдодӣ ва маркази асосии таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ, табдил ёфтааст.
Дар анҷоми чорабинии бошукуҳи омоданамудаи аҳли фарҳанги ноҳия бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, барномаи фарҳангию фароғатии омоданамудаи аҳли фарҳанги Мақомоти иҷроияи ноҳияи А. Фирдавсӣ, иборат аз шеъру тарона ва саҳначаҳои ҳаҷвию бедеӣ, ки ҳамагӣ бозгукунандандаи оинҳои суннатии Наврӯз буданд, манзури тамошобинон гардонида шуд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”