Серҷанбагии мазмуни ҷашни Наврӯзи хуҷастапай, ки мо дар арафаи таҷлили он қарор дорем, ба ҳамаи муҳақкикон хуб маълум мебошад. Метавон гуфт, дар ин ҷашни бостонӣ тамоми арзишҳо ва ормонҳои фарҳангии мардумони ориёитабор, ки аҷдодони таърихии миллати муосири тоҷик маҳсуб мешаванд, то ин ё он дараҷа инъикос ва таҷассум ёфтаанд.
Яке аз ин гуна арзишҳои фарҳангӣ, ки дар мазмуни Наврӯз нуҳуфтаву чун хуршеди дурахшон зимни таҷлили он бозтоб ва муҷалло мешавад, башардӯстӣ мебошад. Ин арзиш мағз андар мағзи фарҳанг ва фалсафаи наврӯзиро фаро гирифта ва тамоми тору пуди зиндагии мардуми ориёитабори бостон бо он бофта шудаанд.
Равшан аст, ки барои дарки дурусти моҳият ва арзиши аслии ин ё он ҷашн, анъана ва умуман дилхоҳ одати миллӣ ё умумибашарӣ таҳқиқ ва ташхиси ҳадафи аслии пайдоишу густариш ва пайомадҳои иҷтимоии он зарур мебошад. Аз ин нуқтаи назар, мо дар ин мақола кӯшиш мекунем, башардӯстиро ҳамчун арзиши аслии моҳиятии Наврӯзи хуҷастапай аз тариқи таҳқиқу арзёбии ҳадафҳои ин одати неки фарҳангии ниёгон собит ва асоснок кунем.
Яке аз ҳадафҳои Наврӯзи хуҷастапай, мутаваҷҷеҳ ва дилгарм сохтани инсон ба зиндагӣ ва талошу мубориза барои тантанаи некиву адолат дар ҷаҳон мебошад. Ин ҷашн – ҷашни пирӯзии ҳастӣ бар нестӣ, ҳаёт бар марг, нур бар зулмат ва некӣ бар бадӣ мебошад.
Тибқи эътиқоди динӣ ва афкори фалсафии тоисломии мардуми ориёинажод муборизаи байни некӣ ва бадӣ дар чанд сатҳ – дар табиат; дар ҷомеа; дар вуҷуди худи инсон – мунтазам идома меёбад ва пирӯзии некӣ бар бадӣ дар ҳар кадоми ин сатҳҳо низ нишонаҳои хоси худро дорад.
1) Наврӯз ҳамчун ҳодисаи қонунманди табиӣ ё моҳияти табиӣ ва фаробашарии Наврӯз. Тибқи тасаввуроти динию мифологии ориёиҳои бостонӣ, дар олами табиӣ, ки офаридаи Худост, муборизаи байни қувваҳои неки ҳаётофар ва қувваҳои бади марговар бе иштироки инсонҳо ва ба таври стихиявӣ сурат мегирад. Вале, ҳамчун нек ё бад эътироф шудани ин ё он падида, ҳодиса ё қувваи табиӣ аз ҷониби ориёиҳои бостонӣ бо назардошти арзишҳо ва манфиатҳои ҳаётии инсоният, яъне аз мавқеи башардӯстона сурат мегирифт. Ба назари мо, маҳз аз ҳамин мавқеъ ҳанӯз дар замонҳои қадимтарин Наврӯзи хуҷастапай аз ҷониби мардуми бостонии ориёитабор ҳамчун як падида ё ҳодисаи қонунманду табиӣ ва мабдаи ҳаёт дар рӯйи замин ба таври интуитивӣ эҳсос ва дарк шуда, мавриди эътиқоду бузургдошт ва таҷлилу пешвозгирии онҳо қарор гирифтааст. Яъне, мо гуфтанӣ ҳастем, ки Наврӯз ҳамчун як ҳодисаи муттасили табиӣ воқеан ҳам вуҷуд дорад ва воқеан ҳам «оғози гардиши навбатии чархи фалак», аз хоб бедор шудан ва «рӯзи нав»-и табиати зинда мебошад. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор ул-боқия» дар посухи «чӣ будани Наврӯз» чунин овардааст: «Нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст. Ва эътиқоди порсиён андар Наврӯз нахустин он аст, ки аввал рӯзе аст аз замона ва бад-ӯ фалак оғозид гаштан». Агар таваҷчуҳ кунем, мушоҳида мекунем, ки ҳатто набототу ҳайвонот, бо ҳамон ақли наботӣ ва ҳайвонии худ, ки доранд, таъсири неку созандаи нерӯи ҳаётбахши айёми наврӯзӣ ва мавсими баҳорро, дарк намуда, омадани онро ба таври худ бо шодиву нишот таҷлил мекунанд. Маҳз дар баҳорон тамоюли ҳайвоноти ваҳшӣ ба ҳамбастагии ҷинсӣ шиддат гирифта, боиси тавлиди насл ва бақои ҳар кадоме аз навъи онҳо мешавад. Шоирону адибони классикиву муосири тоҷик аз шодиву нишоти табиати зинда дар ин айём манзараҳои дилнишинеро дар ашъору осори худ тасвир кардаанд. Аз ин нуқтаи назар, метавон гуфт, Наврӯз айёми мавриди таҷлили на танҳо инсонҳо, балки умуман як падида ё ҳодисаи мунтазами мавсими баҳорист, ки онро кулли мавҷудоти табиати зинда ба таври худ «ҷашн» мегиранд.
Ҳамин тавр, Наврӯз дар сатҳи табиат – ин ҳанӯз он ҷашни фархунда ва хуҷастапай нест, ки мо онро ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат ва суруру шодмонӣ истиқбол мегирем ва таҷлил мекунем. Балки ҳодиса ё падидаи қонунии табиӣ мебошад, ки ҳамчун муҳаррик табиати зиндаро ба ҳаракат меорад. Ба ибораи дигар, наврӯз – азнавлидкунандаи ҳаёти мавҷудоти зинда (наботот, ҳайвонот ва инсоният), марҳилаест, ки бо оғоз шудани он табиати хуфта аз хоби зимистонӣ бедор мешавад ва як соли навбатии умри худро аз сар мегузаронад. Наврӯз– воқеан ҳам оғози ҳар як гардиш ё чархиши навбатии Замин дар гирди Офтоб аст, ки расо як сол тӯл мекашад. Аз ин нуқтаи назар, яъне дар сатҳи табиат, ҳамчун як ҳодиса ё падидаи қонунманди табиӣ таҳқиқу баррасӣ кардани мазмун ва моҳияти Наврӯзи хуҷастапай барои ошкор кардани бисёр ҷанбаҳои муҳим вале ҳанӯз барои мо норавшану асроромези ин ҷашни бостонӣ мусоидат хоҳад кард. Масалан, мо дарк хоҳем кард, ки маҳз кашфи айёми ба вуқӯъ пайвастани ҳамин ҳодисаи қонунманди табиӣ ба мардуми ориёитабор имкон додааст, ки мавсими барои ҳамл ва бороварӣ мутобиқ шудани заминро ба таври аниқу дақиқ муайян карда, дар байни халқҳои бостонӣ аз авалинҳо шуда ба коркарди замин ва кишту зироат шурӯъ намоянд. Яъне, дар партави кашфи Наврӯз мардуми ориёитабор нахустин шуда ба кишти замин, зироаткориву боғпарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аввалиндараҷаи ғизоӣ шурӯъ кардаанд. Бо ин восита онҳо тавонистаанд тадриҷан аз вобастагии куллӣ аз табиат раҳо ёфта, аз ҳаёти примитивӣ ва ваҳшиёна ба ҳаёти мутамаддин ва оқилона гузаранд. Пайдоиш ва рушди илмҳои гоҳшуморию тақвимсозӣ ва ситорашиносӣ дар байни мардуми бостонии ориёитабор низ, бо эҳтимоли зиёд, дар партави кашфи Наврӯз ба амал омада буд.
Наврӯз дар сатҳи табиат ҳодисаи қонунманди табиӣ мебошад, ки ҳаёти солонаи табиати зиндаро оғоз мебахшад. Ин ҳодисаи табиӣ ҳар сол такрор меёбад ва рӯҳи табиатро барои ҳаракат нерӯ мебахшад. Ин ҳодисаи хайр ҳам барои кулли табиати зинда ва ҳам барои ҷомеаи инсонӣ, ки дар ибтидо дар оғӯши табиат парвариш ёфта, минбаъд то андозае мустақил шудааст, аҳамият ва арзиши аввалиндарҷаи ҳаётӣ дорад. Наврӯзро мо ба ин манзур ҳодисаи таҷассумгари тантанаи ғалабаи некӣ бар бадӣ ва ҳаёт бар марг дар сатҳи табиати зинда таъбир ва тафсир кардем, ки дар сурати ба вуқӯъ наомадани ин ҳодиса табиати зинда ба истилоҳ «мехобад» ё аз ҳаракат мемонад. Дар натиҷа набзи муқаррарии ҳаёти набототу ҳайвонот халалдор шуда, онҳо бо ҳар гуна мушкилоту хатарҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Масалан, дар қутбҳои яхбастаи шимолию ҷанубӣ, ки дар он ҷойҳо айёми наврӯзӣ ва фасли баҳор умуман фаро намерасад, ба ҷуз баъзе навъҳои камшумори ба шароити сармои сахт мутобиқшудаи набототу ҳайвонот, дигар ҳеҷ навъе аз набототу ҳайвонот вуҷуд надорад. Яъне, табиати зинда асосан дар минтақаҳо ё қисматҳои дорои иқлими мусоиди Замин, дар ҷойҳое имконпазир аст, ки дар онҳо Наврӯз – ин ҳодисаи тавлидкунандаи ҳаёт мунтазам ба вуқӯъ меояд. Ва ҳамин ҳодисаи саропо хайрро ававалин шуда аҷдодони мо – мардуми бостонии ориёитабор кашф карда, дар партави ин кашфиёт фарҳанг ва тамаддуни башардӯстонаи наврӯзии худро барпо кардаанд.
2) Наврӯз ҳамчун падидаи фарҳангӣ-иҷтимоӣ. Албатта, барои раҳо ёфтани инсон аз қайди табиати ваҳшӣ ва барпо намудани ҳаёти мутамаддини ҷамъиятӣ кашфи асрори ҳастӣ, дарки мазмун ва моҳияти падидаву ҳодисаҳои олами табиӣ нақши муҳим бозидаанд. Бо ҳамин равиш, кашфи Наврӯз ба мардуми ориёитабор имконият додааст, ки зиндагӣ ва фаъолияти муштараки меҳнатии худро мутобиқ бо айём ва моҳҳою фаслҳои сол ба низом дароранд. Бо мурури замон онҳо донистанд, ки дар кадом моҳ ё фасл ин ё он навъи зироатро кишт кардан ва дар кадом моҳ ё фасл ҳосилро ғундоштан мумкин аст. Аз ин рӯ фарорасии айёми наврӯзро ҳамчун оғози мавсими кишту кори баҳорӣ, ҳамчун ибтидои соли нави деҳқонӣ пазируфтаанд ва ба таҷлили он шурӯъ кардаанд.
Мо инҷо шоҳиди бозтоб ва инъикоси ҳодисаи неки табиӣ дар фарҳанги ҷомеаи бостонии мардуми ориёитабор ҳастем, ки таъсири мусбат ва созандаи айёми наврӯзӣ барои ҳаёти табиати зиндаро дуруст дарк намуда, зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатию хоҷагидории худро дар ҳамоҳангӣ ва мутобиқат бо он ба низом даровардаанд.
Акнун дар ин ҷо мо як хулосаи дигари мантиқиро ҳосил мекунем: Наврӯз ҳамчун падида ё ҳодисаи қонунманд ва такрорёбандаи табиӣ, ҳамчун оғози пайдоиши ҳаёт дар рӯи Замин нисбат ба олами набототу ҳайвонот ва ҷомеаи инсонӣ собиқаи хеле тӯлонитари таърихӣ дорад. Вале мардуми ориёитабор пас аз кашфи ин падида ва дарки аҳамияти он дар пайдоиш ва таҳаввули ҳаёти табиӣ, ба таҷлили он шурӯъ карда, ҳар сол фарорасии онро ҷашн мегирифтанд. Дар натиҷа ҷашни Наврӯз ҳамчун падидаи фарҳангӣ арзи вуҷуд кардааст, ки он дар рушду таҳаввули ҳаёти ҷамъиятию иқтисодии ориёиҳои бостонӣ нақши хеле муҳимро мебозид.
Моҳияти башардӯстонаи Наврӯзро ҳар як инсон рӯҳан ва ҷисман эҳсос мекунад. Наврӯз ҳамчун ҳодисаи фараҳбахши табиӣ аз лиҳози равонӣ мояи шодиву нишот ва дилгармии инсон ба зиндагӣ мешавад, ӯро аз ҳолати карахтӣ раҳо карда, ба фаъолият ва меҳнати созанда бармеангезад. Ҳамчуноне ки бо фарорасии айёми наврӯзӣ замин сабзу хуррам мешавад, қалби инсон низ бо фарорасии он аз эҳсосоти нек пур шуда, сурури ботиниаш дар шакли табассуму лабханд дар лабону чеҳрааш зоҳир мешавад.
Ҳамин тавр, ҳарчанде ки мазмуни аслии ин ҷашн баъдан бо мурури замон таҳаввул ёфта, «тадриҷан баъзе тобишҳои динию сиёсӣ ва маросимӣ ба бар кардааст, вале ягона ҷашни ҷаҳонист, ки платформаи устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва муносибати муваффақона бо табиатро дар худ ғунҷоиш додааст».
Фарқияти наврӯз ҳамчун ҳодисаи табиӣ аз Наврӯз ҳамчун падидаи фарҳангӣ ва меъёри иҷтимоӣ мисли фарқияти қонунҳои табиат аз қонунҳои ҷамъият аст. Якумӣ – тамоми табиати зиндаро фаро мегирад, дуввумӣ – танҳо барои башарият ва танзим ва рушди ҳаёти башарӣ хизмат мекунад. Якумӣ новобаста аз иродаи инсонҳо ба вуқӯъ меояд, вале дуввумӣ вобаста аз иродаи инсонҳо, вазъу шароити ҳаёти ҷомеа ва талаботи давру замон ҳам мазмунан ва ҳам шаклан тағйир ва таҳаввул ёфта, ба он унсурҳои нав ворид мегарданд.
Зиёвиддин Шоев
н.и.ф., ходими калони илмии Шуъбаи масъалаҳои
фалсафии дини ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ