Имрӯз дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Наврӯзи оламафрӯз чорабинии идона доир гардид. Дар саҳни донишгоҳ омӯзгоргону донишҷӯён ҷамъ омада, ин ҷашни аҷдодиро бо риояи суннату ойинҳои қадимӣ таҷлил намуданд. Дар оғози чорабинӣ ректори Донишгоҳ, Файзулло Машраб баромад намуда, зикр дошт, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик буда, он бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ аз нав эҳё гардид ва имрӯз мардуми тоҷик ин ҷашни ниёгонро бо рӯҳияи баланди ватандустӣ истиқбол мегиранд.
Дар гӯшаҳои алоҳидаи саҳни донишгоҳ аз ҷониби омӯзгорону донишӯёни Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон хони наврузӣ ороста шуда, суннату ойинҳои наврузӣ аз қабили ҳафтсину ҳафтшин ва маҳсулоти ҳунармандони мардумӣ, сӯзаниҳо, расмҳо, китобҳо, либосҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Бояд гуфт, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, бо расму ойинҳои махсуси худ то ба имрӯз омада расидааст. Имрӯзҳо маруми тоҷик бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ва бо риояи суннату ойинҳои Наврӯзӣ ин ҷашни қадимаро таҷлил мекунанд. Аз ҷумла, дар донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон низ ҳамасола ҷашни Наврӯз бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ҳамин тавр, дар охири чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён барномаи консертӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Баҳруллои М.
радиои “Тоҷикистон”