16 марти соли 2023 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон вохӯрии коршиносони мақомоти гумруки кишварҳои минтақа ва намояндагони созмонҳои марбутаи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаи соддагардонии расмиёти гумрукии транзитӣ бо истифода аз принсипи “Равзанаи ягона” дар долони байналмалалии Транскаспий “Шарқ ва Ғарб” қабул гардид.
Тавре хабаргузории “Тренд”-и Озарбойҷон хабар додааст, ки нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби сардори Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Озарбойҷон Шоҳин Багиров, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Кумитаи давлатии гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кожабергенов, раиси Хадамоти давлатии гумруки Ҷумҳурии Қирғизистон Самат Исабеков, раиси Кумитаи гумруки Ҷумҳурии Узбекистон Акмалхуҷа Мавлонов ва Хадамоти даромадҳои Гурҷистон Леван Какава ба имзо расид.
Гуфта мешавад, портали мазкур барои сода гардонидани амалиётҳои гумрукӣ дар асоси хизматрасониҳои рақамии молиявӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.