Имрӯз дар доираи омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, бо супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе ва масъулини вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дастаҷамъона ба тозакунии соҳилҳои дарёи Душанбе то ноҳияи Рӯдакӣ, баромаданд.
Бо ин мақсад устодону донишҷӯёни факултаҳои гуногуни ДМТ ҷамъ омада, барои тозаю озода нигоҳ доштани соҳилҳои дарёи Душанбе аз ҳар гуна партовҳо равона гардиданд. Тавре Ҳусниддин Саидов омӯзгори ДМТ баён намуд: мувофиқи нақшаи роҳбарияти донишгоҳ 400 нафар устодону донишҷӯён ба тоза кардани соҳили дарёи Душанбе, ки аз назди Шаҳраки донишҷӯён мегузарад, машғул шуданд ва роҳбарияти донишгоҳ ният дорад, ки минбаъд ҳам чунин аксияҳоро роҳандозӣ намояд.
Бояд гуфт, ки амалӣ гардидани чунин ҳашарҳои дастаҷамъӣ иқдоми хубе аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тозаю озода гардонидани соҳили дарё дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мебошад. Муҳаммад Аминзод муовини декан оид ба таълими факултети журналистикаи ДМТ зимни сӯҳбат бо мо гуфт, ки аз тарафи донишгоҳ барои тоза кардани боғу роҳравҳои донишгоҳ, пайваста шанбегиҳо доир мегашт ва имрӯз мувофиқи супориши роҳбарияти ДМТ бо иштироки устодону донишҷӯён, тоза кардани соҳилҳои дарёи Душанбе, анҷом дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки саҳми донишҷӯён дар чорабинии тоза кардани соҳили дарёи Душанбе, хело зиёд мебошад. Онҳо бо як нерӯи ба тоза кардани соҳил пардохта, хушҳол аз он буданд, ки дар тозаю озода гардонидани як гӯшаи шаҳрашон саҳм мегузоранд.
Қайд кардан зарур аст, шаҳри Душанбе муаррификунандаи симои кишварамон дар миёни дигар кишварҳои ҷаҳон мебошад ва тозаю озода нигоҳ доштан он вазифаи асосии ҳар як сокини пойтахт ба ҳисоб рафта, аз баланд будани маданияти онҳо дарак медиҳад. Амалӣ гардонидани чунин иқдомҳо натанҳо ба тоза гардидани соҳили дарёҳҳо, ҳамчунин тоза гардидани ҳавои шаҳр ҳам, мусоидат менамояд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”