11 март дар остонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Олмон намунаи либосҳои бо услуби миллӣ дӯхташуда аз маҷмуаи тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова дар Намоишгоҳи мӯди шаҳри Магдербург «Fashionshow Ottostadt macht Mode» ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сафири Тоҷикистон дар Олмон ба ҳозирин дар бораи таърихи атлас, адрас ва чакани тоҷикӣ иттилоъ дода, иброз дошт, ки санъати гулдӯзии тоҷикӣ «Чакан» соли 2018 ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (UNESCO) шомил карда шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон