Имрӯз дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуот, маҳфили идона бо номи “Дирӯз, имрӯз ва фардои матбуоти тоҷик” баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти донишгоҳ ва дигар намояндагони ВАО иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози маҳфил Қобилҷон Хушвахтзода ректори Донишгоҳи милли Тоҷикистон баромад намуда, иброз намуд, ки дар шароити имрӯза нақши ВАО торафт меафзояд, зеро ки расонаҳо оинаи ҳаёти мо буда, дар онҳо набзи зиндагӣ инъикос ва таҳлилу баррасӣ мегардад. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки Донишгоҳи милли Тоҷикистон манбаи асосии тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи журналистика мебошад.
Дар идомаи маҳфил Бахтиёр Қутбиддинов декани факултети журналистикаи Донишгоҳи милли Тоҷикистон, суханронӣ намуда, қайд намуд, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар иди матбуот таҷлил карда мешавад. Ба андешаи ӯ матбуоти тоҷик дар ҳамаи марҳилаҳо рисолати бузургро анҷом додааст. Ҳарчанд, ки то замони Шӯравӣ дар кишвари мо шумораи нашрияҳо кам буданд, вале имрӯзҳо зери зиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин теъдод хело афзудааст.
Дар идомаи маҳфил Зинатулло Исмоилзода раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳам баромад намуда, ҳозиринро бо иди матбуот табрик намуда, пешниҳод намуд, ки барои боз ҳам зиёд гардидани жуналистони баландихтисос минбаъд довталабони ММТ, ки хоҳиши журналист шуданро доранд, дар навбати аввал аз имтиҳони эҷодии соҳаи журналистика гузашта, баъд ба факултет қабул карда шаванд.
Ҳамчунин дар маҳфил Обидҷон Саидзода директори радиои “Тоҷикистон” суханронӣ намуда, иброз намуд, ки дар ҳама давру замон матбуоти тоҷик миёни ҷомеа мавқеи хосса дошт ва имрӯз ҳам ҳеҷ ягон навъ васоити электронӣ наметавонад, ки ҷойгузини матбуот гардад.
Дар анҷоми маҳфил аз номи Иттифоқи журналистон Тоҷикистон ба Қобилҷон Хушвахтзода ректори Донишгоҳи милли Тоҷикистон нишони ифтихории «100 солагии матбуоти тоҷик» тақдим карда шуд. Ҳамчунин аз ҷониби раёсати Донишгоҳи милли Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкорӣ ва робитаҳои густурда бо ВАО, ифтихорномаҳо ба Зинатулло Исмоилзода раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Обидҷон Саидзода директори радиои «Тоҷикистон», Қурбоналӣ Раҳмонзода сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», Хуршед Атовулло сармуҳаррири рӯзномаи «Фараж», Умед Бобохонов сармуҳаррири рӯзномаи «Азиа – плюс», Хуршед Ховарӣ муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», Шариф Ҳамдампур сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистон» ва Сайёфи Мизроб сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», сарфароз гардонида шуданд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”