Расонаҳо хабар доданд, аз вуқуъи як инфиҷор дар вилояти Балх хабар доданд, ки дар натиҷаи он Муҳаммаддовуд Мазмул, волии ин вилоят кушта шудааст.
Масъулон дар фармондиҳии амниятии Балх гуфтаанд, ки волии ин вилоят дар инфиҷори имрӯз ки дар дохили мақоми вилояти Балх рух дод, ҷон бохтааст, иттилоъ додааст хабаргузории Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, Муҳамадосифи Вазирӣ, сухангӯии фармондиҳии амниятиҳои толибҳо дар вилояти Балх вуқуъи инфиҷорро таъйид кард ва гуфт, ки Муҳамаддовуди Музмал, волии ин вилоят ба ҳамроҳи ду муҳофизаш кушта шудаанд.
Гуфта мешавад, ки дасти кам чаҳор нафар ба шумули Муҳамаддовуди Музмал дар натиҷаи ин инфиҷор кушта ва беш аз 8 тан маҷруҳ шуданд ва ба шифохонаи маҳалӣ мунтақил шуданд.
Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангуии ҳукумати сарпараст дар саҳифаи твиттерии худ хабари ҷон бохтани волии Балхро таъйид кард.
То кунун ташкилкунандагони инфиҷор мушаххас нашудаанд ва масъулияти ҳамларо касе бар ӯҳда нагирифтааст.