Нимаи дуюми рӯзи 8 марти соли 2023 муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт меҳмони олиқадрро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин пешвоз гирифтааст.
Дар чаҳорчӯби сафар роҳбари мақоми сиёсати хориҷии Туркманистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта мешавад.
Ҳамчунин, музокироти дуҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон дар назар аст.