6 марти соли 2023 дар Давҳа мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Мудири иҷроияи Созмони сармоягузории Қатар (Qatar Investment Authority) Мансур бин Иброҳим Оли Маҳмуд баргузор шуд.
Ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Қатар, ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Қатарро дар соҳаи сармоягузорӣ баррасӣ намуда, дар ин замина атрофи роҳҳои татбиқи муштараки лоиҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар карданд.