Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони қолаби “С5+1”

28 феврали соли 2023 дар шаҳри Остона нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар қолаби “С5+1” баргузор гардидааст.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, дар ҳамоиш ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду чолишҳои амниятӣ табодули афкор карда, дар ин росто ба зарурати тақвияти ҳамкориҳо байни кишварҳои минтақа таъкид карданд.

Дар нишасти мазкур вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.