ВКД аз рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар дар як рӯз хабар дод

Рӯзи 18-уми августи соли 2020, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Эшонқулов Иброҳим Қурбонмаҳмадович, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор ҳангоми ҳаракат кардан аз самти деҳаи Насафӣ ба самти шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Ҳомидов Муҳаммадшоҳ Рустамович, соли таваллудаш 1972, сокини ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Ҳомидов М.Р. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, санаи 18-уми августи соли 2020, тахминан соати 02 ба 02:30-дақиқа, дар роҳи мошингарди Восеъ-Фархор дар канори деҳаи Даштигулои ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳияи М.Ҳамадонӣ, ҷасади шаҳрванд Одинаев Носирҷон Кенҷаевич, соли таваллудаш 1976, сокини ҷамоати деҳоти Даштигуло бо ҷароҳатҳои кафидани шикам бо берунравии узвҳои даруна, шикасти майдашудаи устухони сар, шикасти устухони пойи рост бо ҷудошавӣ аз бадан аз тарафи ҳамдеҳаҳояшон дарёфт карда шуд.
Дар натиҷаи санҷиши ҳодисаи мазкур муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “ДАФ”, Худанов Мавлудбек Шоймирович, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархор шаби 18-уми августи соли 2020, тахминан соати 01:50-дақиқа, ҳангоми ҳаракат бо самти Фархор-Ваҳдат дар роҳи мошингарди Восеъ-Фархор дар канори деҳаи Даштигуло, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Одинаев Н.К.-ро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Мутаассифона, санаи 18-уми августи соли 2020, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Зарифов Саймиддин Саймуродович, соли таваллудаш 1981, сокини ҷамоати деҳоти Қумсангир, ҳангоми ҳаракат кардан дар 147-ум километри роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ноҳияи Ҷайҳун аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, дучархарон Муҳтоҷов Мусалам Мукарабович, соли таваллудаш 1957, сокини ҷамоати деҳоти Қумсангирро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Муҳтоҷов М.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 18-уми августи соли 2020, тахминан соати 14:30-дақиқа, автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” ронандаи номаълум, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе дар 54-ум километри роҳи автомобилгарди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, автомашинаро ба дарёи Варзоб чаппа намудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи номбурда, ки шахсияташ маълум нест ва мусофири дар дохили автомашина буда, Ҳамдамов Файзалӣ Файзуллоевич, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ, ҷароҳатҳои гуногунӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *