Бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа дарси кушоди тарбиявӣ-намунавӣ аз фанни забони англисӣ таҳти унвони “Мо ояндаи Ватанем!” гузаронида шудааст.
Дар ин бора Маркази матбуоти ин Вазорат хабар дода, изофа мекунад, ки дар ҷараёни дарси кушод гурӯҳи тарбиятгирандагони ҷалбгардида, аз худ малакаи баланд нишон дода, фикру андешаҳояшонро бо ин забони хориҷӣ озодона баён мекарданд.
Дар идомаи дарси кушоди тарбиявӣ-намунавӣ роҳбарияти Литсейи ҳарбӣ баргузории чунин машғулияту дарсҳои кушодро манфиатнок хонда, тарбиятгирандагонро барои боз ҳам бештар омӯхтани фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ раҳнамун сохт.
Саҳначаи тарбиявӣ, ки аз ҷониби тарбиятгирандагони ҳаваскори Литсейи ҳарбӣ пешниҳоди аҳли нишаст гардонида шуд, бозгӯкунандаи ватандӯстӣ ва ҳарчӣ бештар рӯ овардани ҷавонон ба хизмати Модар Ватан буд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барои болидахотирии иштирокчиён аз ҷониби тарбиятгирандагон навозиши асбобҳои мусиқӣ ва иҷрои сурудҳои ватандӯстона анҷом дода шудааст.