Намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд​ ба вилояти Нижегороди Русия сафар карданд

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёт 8 феврали соли 2023 гурӯҳи​ намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба вилояти Нижегороди Федератсияи Россия сафар намуд.

Тавре Маркази матбуоти раиси вилояти Суғд, дар Фурудгоҳи байналмилалии ба номи В.П.Чкалови шаҳри Нижний Новгород намояндагони вилояти Суғдро масъулони вилояти​ Нижегород истиқбол гирифтанд.

Ҳадаф аз ин сафар густариши робитаҳои иқтисодӣ, шиносоӣ бо вазъи иқтисодӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят ва ташкили корхонаҳои нави саноатӣ буда, дар назар аст, ки дар доираи сафар мулоқоту музокироти дуҷониба сурат гирад.

Дар доираи сафар Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳамроҳонаш аз корхонаҳои саноатии​ «Борская войлочная фабрика», «Борский стекольный завод» ва корхонаи истеҳсоли плита ва блок барои сохтмон боздид карда, барои роҳандозии ҳамкориҳо гуфтушунид анҷом доданд.

Намояндагони вилояти Суғд бо тарзи коркарди пашм ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он, истеҳсоли шиша барои автомобил ва биноҳо, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ дар вилояти Нижегород шинос гардиданд.