Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва иштирок, дар нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркистони ин кишвар бо Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев дидору гуфтугӯ кард.
Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон ба Радиои Тоҷикистон хабар дод, Маҳмадтоир Зокирзода ба Маулен Ашимбаев барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии самимиаш аз ҳайати тоҷикистонӣ ва баргузории нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки ҳайати парлумонии кишвари мо бо як таассуроти наҷибе аз шаҳри зебои Туркистон ба ватани худ бармегардад.
Тоҷикистон ва Қазоқистон, – гуфт Маҳмадтоир Зокирзода дӯстони хуб ва шарикони стратегӣ мебошанд. Халқҳои ҳар ду мамлакатро риштаҳои дўстии бародарона, ки ба анъана ва арзишҳои умумӣ асос ёфтаанд, мепайвандад.
Боварӣ дорам, ки мулоқоти навбатии мо ба таҳкими муносибатҳои бисёрҷанбаи мо мусоидат хоҳад кард.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки аз оғоз ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистону Қазоқистон дар фазои мутақобилан судманд ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, алъон дар ҳоли рушду инкишофи сатҳи баланд қарор доранд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.
Дар мулоқот Сафири мухтор ва фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Шарифҷон Ҳакимзода иштирок намуданд.