Дилшод Сафарзода: Фурӯдгоҳҳои кишвар ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мешаванд

Фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мешаванд. Ин нуктаро Дилшод Сафарзода, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ баён дошт.

Ба таъкиди манбаъ дар ин бора, бо Корпоратсияи сохтмони фурудгоҳҳои Чин (САСС) ва ширкати “Cosmelt” – и АМА гуфтушунидҳо анҷом шудааст. Дилшод Сафарзода мақсади асосии ин гуфтушунидҳоро дар тарнзитӣ кардани ҳамаи фурӯдгоҳҳо донист.

Дилшод Сафарзода, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфт, ки баъзан барои пешвозу гусели як мусофир ба фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе то 10 – 15 нафар меоянд ва ба ин сабаб гоҳе проблемаҳо ҷиҳати тозагию тартибот дар фурӯдгоҳ ба вуҷуд меоянд. Ҳамзамон қайд шуд, ки аллакай масъулин барои бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта таҷҳизоти тозакунандаи автоматиро истифода мебаранд.

Масъалаи харидории ҳавопаймоҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон ва аз кай оғоз гардидани парвозҳо аз ҷониби ҶСК “Тоҷик Эйр”, ки аз соли 2020 инҷониб бинобар сабаби надоштани ҳавопаймои коршоям парвозҳояшро иҷро накарда истодааст, яке аз мавзӯъҳои актуалии нишасти хабарии оҷонсӣ буд. Роҷеъ ба ин масъала Дилшод Сафарзода, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон баён дошт, ки “Тоҷик Эйр” ҳамкориҳои худро бо як ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Туркия оид ба иҷора гирифтани ду ҳавопаймои Эйрбас ба роҳ мондааст ва ба наздикӣ ин ширкат низ парвозҳояшро ба роҳ мемонад, зеро барои баробар кардани тавозуни парвоз бо ширкатҳои хориҷӣ як ширкат камӣ мекунад.

Вобаста ба нархи чиптаҳо Дилшод Сафарзода баён дошт, ки ширкатҳои ҳавоии моро зарур аст, ки нархҳоро ба тарзи рафту омад ҳисоб кунад, аз ин рӯ нарх аз як ҷониб баланд ба назар мерасад.
Ҳамзамон дар нишасти хабарии Агентии авиатсияи граждании кишвар иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон парвозҳоро ба Чин ва дигар кишварҳо оғоз мекунад. Аз 8 феврал парвозҳо ба шаҳри Урумчии Чин ва дар моҳҳои феврал-март ба Исломобод дастрас хоҳанд шуд. Ҳамчунин, парвозҳо ба Теҳрон дубора анҷом мешаванд. Мавриди зикр аст, ки ин нишасти хабарӣ бовуҷуди оне, ки қариб ним соат аз ҷониби директори агентӣ ҳисобот садо дод, ҷолиб буд, зеро дар қисмати пурсишу посух рақобати хубе миёни ҳамкасбони мо барои додани суолҳо ба миён омад ва нишаст руҳияи зиндаро гирифт.

Парвина Самандарзода

радиои “Тоҷикистон”