Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ “Сада” яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷику ориётабор мебошад. Ҳамаи он ҷашнҳое, ки дар фарҳанги мардуми ориёитабор роиҷ ҳастанд, ин як навъ пайвастагие ба ҳодисаҳои гуногуни табиату кайҳон доштанд. Аз ин хотир метавон гуфт, ки ҷашни Сада низ дар заминаи хушку холӣ ба вуҷуд наомада, балки он решаи таърихӣ ва пайвастагие ба табиату кайҳон дорад,-мегӯяд директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот Абдулфаттоҳ Аминов.
Ба андешаи директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот Абдулфаттоҳ Аминов Сада дар фасли зимистон ба хотири нобуд сохтани дев ва ё намоди сармо, ки дар асотири бостон сардӣ ҳамчун қувваи бадӣ шумурда мешавад, доир мегардидааст. Ҷашни сада дар қатори дигар ҷашнҳои ориёӣ ба табиат ва ҳодисаҳои табиӣ рабт дошта, маҳз дар айёми махсуси гардишҳои офтоб таҷлил мегардад.
“Мисли дигар ҷашнҳо сада ҳам хони худро дорад. Мардуми ориёитабор ҳангоми таҷлили ин ҷашн аслан ғизоҳои серавған омода мекарданд, зеро равған рамзи асососии қудрат, неру ва ҳувият гирифтан буд. Ҳамзамон, хони худро бо меваҳое оро медоданд, ки рамзи рӯи офтобро доштанд”,- мегӯяд, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот Абдулфаттоҳ Аминов.
Бояд гуфт, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ таваҷҷӯҳ ба ҷашнҳои миллӣ камтар гардида, на танҳо аксари онҳо ҷашн гирифта намешуданд, балки омӯзишу таҳқиқи ҷашнҳои миллӣ низ бо сабабҳои гуногун ба гӯшаи фаромушӣ афтода буд. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксари расму ойин ва ҷашнҳои миллӣ аз нав эҳё гардиданд. Акнун, ҳамасола охири моҳи январ дар ҷумҳурӣ ҷашни Сада бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, дар таҷлили ҷашни мазкур аз тамоми гӯшаву канори мамлакат ҳунармандон ва соҳаҳои касбу кори гуногун иштирок мекунанд.
Баҳруллои М.
радиои “Тоҷикистон”