24 январи соли 2023 вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Ибодзода Хайрулло бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Акчулаков Болат Уралович баргузор гардидааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистонро дар бахши обу энергетика, воридоти нафту газ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
Қазоқистон пас аз Русия муҳимтарин содиркунандаи нафту ба газ ба Тоҷикистон буда, дар заминаи ҳамасола ҳазорҳо тонна нафту газ ба кишвари мо ворида мешавад.