Негелсманн бо «РБ Лейпcиг» Симеонеро ба Мадрид гусел кард.

«РБ Лейпциг» дар гурӯҳ бо «Зенит», «Лион» ва «Бенфика» таҳти роҳбарии сармураббӣ  Юлиан Нагелсманн ҷойи аввалро ишғол кард ва «Тоттенхэм»-ро  дар 1/8 финал мағлуб намуд. Ҳамон вақт маълум буд, ки дастаи олмонӣ мисли «Аякс» метавонад роҳашро идома диҳад, аммо ғалаба дар қиболи «Атлетико»-ро кам касон пешгӯӣ мекарданд.

Инак ду дастае, ки дар ниманиҳоӣ  бозӣ мекунанд, ба таври ҳангомавӣ рақибонашонро сархам намуда, соҳиби роҳхат шуданд. Аҷиб инки, тибқи навиштаи расонаҳои варзишии дунё  Томас Тухел сармурабии «ПСЖ» сабабгори асосии мондани Негелсманн ба ҳайси мураббӣ  шуда будааст, акнун бо ҳам рақобат мекунанд.

 «РБ Лейпциг» таърихи садсола надорад, ҳанӯз соли 2009-ум таъсис ёфта ва дар ин муддат тавонист ба қатори беҳтаринҳо шомил шавад. Дар баробари ин сармурабияш низ ҷавон асту кордон.  Ҳамагӣ 33-сол дорад. Аз Роналдо ҳудуди 2-сол хурд аз  Буффон бошад 9-сол. Панҷ моҳ хурдтар аз Мессӣ. Тиаго Силва муҳофизатгари «ПСЖ», ки 18-уми август шояд ба майдон ояд, дар бозӣ зидди дастаи олмонӣ аз Негелсманн қариб се сол бузург аст. «РБ Лейпциг» аввалин бор аз санаи таъсисаш ба ин марҳала роҳ ёфт. «Коронавирус» воқеан ба футбол таъсир мегузорад.

Исфандиёр Носиров, шореҳи

варзишии Радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *