Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзи 12 августи соли равон ҳайати кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Исфара иборат аз 24 нафар табибон ва 195 нафар ҳамшираҳои тиб таҳти сарварии сартабиби Беморхонаи марказии Исфара Таибиддин Муҳаммадов, якҷо бо кормандони бахши мафкуравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бо мақсади тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус ва баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ гардиши хона ба хонаро анҷом доданд.
Дар раванди ин тадбири саривақтӣ ва судманд гурӯҳҳои корӣ ба манзили 6082 хонавода дидан намуда, дар маҷмӯъ бо 31270 нафар аҳолӣ суҳбату амалҳои мафкуравӣ ва дастурдиҳӣ анҷом доданд. Ҳамзамон, гурӯҳҳои корӣ аз 10 муассисаи таълимии ҳудуди ҷамоат, 21 корхонаю коргоҳ, нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва иншоотҳои варзишӣ боздид ба амал оварда, ҷиҳати пайваста гузаронидани корҳои безараргардонию зиддиэпидемиявӣ ва риояи қатъии тадбирҳои беҳдоштӣ дастурҳо дода, варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуданд.
Ҳангоми вохӯриҳо бо аҳолӣ ва гузаронидани муоинаи ниёзмандон 3 нафар шаҳрвандон бо харорати баланд ва 18 нафар кӯдакон бо маризии илтиҳоби рӯдаю меъда ба қайд ва ташхису табаиобат фаро гирифта шуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар ҷараёни пешбурди корҳои мафкуравӣ 40 нафар кормандони Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ низ фаъолона ширкат варзиданд.