Ҷудочиёни тоҷикро дар соли 2023 чӣ интизор аст?

Хабарҳои хуш барои дастаи мунтахаби ҷудокорони тоҷик. Баъд аз сафари кории Президенти Федератсия муҳтарам Исмоили Маҳмадзоир ба Аврупо чанд созишнома ба имзо расид. Аз рӯи як созишномаи ба имзо расида дастаи мунтахаби ҷудокорони тоҷик дар аввали моҳи январи соли 2023 барои тамринҳо ба шаҳри Венаи Австрия сафар мекунанд.

Барои тамринҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон Президенти Федератсия барои соли 2023 ва солҳои оянда мураббиёни ботаҷрибаи  ҷопониро ҷалб кардааст, ки то даста дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ нишондодҳои хуб ба даст оварда, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии 2024 холҳои заруриро ҷамъоварӣ намоянд.

Ҳамзамон, барои таъминоти тиббӣ-биологии раванди тайёрии варзишгарони дастаи мунтахаб мутахассисони тиббӣ варзишӣ аз Олмон ҷалб карда мешаванд.

Сорбон Амонуллозода