Аз бемориҳои мавсимӣ эҳтиёт бошед. Тавсияҳои табибон

Дар ҳама фасли сол инсон дучори ҳаргуна беморӣ мегардад, ки онро бемориҳои мавсимӣ мегӯянд.  Бемориҳои мавсимӣ бештар дар фасли сармо пайдо мешаванд. Дар ин фасл хурӯҷи бемориҳои мавсимӣ ва сироятӣ бештар гардида, алалхусус кӯдакону наврасон ба бемориҳои мавсимӣ дучор мешаванд.

Дар ин маврид Сабзпарӣ Мирмаҳмадова табиби  сироятшинос аз Маркази “Шифобахш”-и шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба мо чунин гуфт: “Имрӯзҳо дар Ҷумҳурӣ зиёд шудани бемориҳои мавсимӣ ба назар мерасад, аз ҷумла бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ба монанди зарбод, яъне ангена, ларингид, бранхит, пневмония ва бемориҳои сироятии кӯдакона ба монанди қизилча, обакон, сурхакон, зарпарвин ва ғайраҳо зиёд шуда истодаанд. Сабаби ин бемориҳо ба ҳамагон маълум аст, ки ба таври тамос, алоқа, қатрагию ҳавогӣ зиёд мешаванд”.

Тибқи гуфтаҳои мутахассисони соҳаи тиб дар фасли сармо одамон бештар ба бемории шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд. Ба андешаи Сабзпарӣ Мирмаҳмадова аломатҳои бемории шадиди роҳҳои нафас ин ҳароратбаландӣ,  бемадорӣ, беҳолӣ, қайъкунӣ, дарди сар, дарди буғумҳо, дарди гулӯ, сулфаи зиёд бо балғам, иштиҳо набудан, дилбеҳузурӣ мебошад. “Аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки барои пешгирии бемориҳои мавсимӣ баъзе талаботҳоро риоя кунанд: 1) эҳтиёт кардан аз шамолхурӣ, яъне пӯшидани сару либоси хоси мавсимӣ,  2) истеъмол накардани оби хунук, зиёд нагаштан дар ҳавои сард, 3) тамос бо беморони сироятшуда, пешгирии бемориҳои сарҷамъона ё паҳн накардани бемории сироятӣ дар боғча ё мактабу ҷойҳои ҷаъмиятӣ. Аз ин лиҳоз аз шарҳвандон хоҳиш карда мешавад ки барои паҳн нашудани беморӣ сари вақт ба табибони оилавӣ, духтурони сироятшинос ва минтақавӣ муроҷиат намоянд”- иброз дошт ӯ.

Наврӯз Ҷаъфаров Сардори Раёсати санитарию беҳдоштии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар замони хурӯҷ кардани бемориҳои мавсимӣ бояд шаҳрвандон гигиенаи шахсӣ ва фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд. “Тибқи тавсияи духтурон амал намуда, ба худмуолиҷагӣ роҳ надиҳанд, чунки ин беморӣ сироятӣ яъне гузаранда аст. Агар маҷбуран ба берун, ки ҳам баромаданд ниқоб пӯшанд”- Наврӯз Ҷаъфаров.

Сабзпарӣ Мирмаҳмадова, табиби  сироятшинос дар идомаи сӯҳбаташ таъкид кард, ки агар дар боғчаҳои кӯдакона ва ё дар муассисаҳои таълимиву касбӣ ё худ ҷойҳои ҷамъиятӣ нафари гирифтори чунин бемориҳо бошад ва ё яке аз чунин аломатҳои дар боло зикршуда ба назар расад, он нафар бояд муваққатан то муолиҷа гирифта сиҳат шудан бояд аз мактаб ё боғча рафтан худдорӣ карда, дар хона зери назорати табиби оилавӣ бимонад.  

Новобаста аз фаслҳои сол, роҳи пешгирии бемориҳои мавсимӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва фосилаҳои иҷтимоӣ инчунин аз наздик алоқаву иртибот накардан ба шахси бемор ва пеш аз таом хӯрдан шустани дастҳо бо собун мебошад.

                                Наҷибуллои Ҳомидҷон

радиои “Тоҷикистон”