Дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли телевизор, мошинаи ҷомашӯӣ ва дигар таҷҳизоти техникӣ бо бренди «ORVIGA» аст, ки аз ҷониби соҳибкор Ғанӣ Файзиев бунёд гардида истодааст.
Дар ин бора Маркази матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дода, менависад, ки 19 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо рафти бунёди корхонаҳои саноатӣ шинос шуд. Гуфта мешавад, корхона аз ҷониби ҶДММ «ORVIGA» дар масоҳати зиёда аз 2 гектар бунёд гардида, дар ҷараёни бунёди он қариб 20 нафар сохтмончиён бо ҷойи кор ва пас аз мавриди истифода қарор додани марҳилаи якум қариб 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Маҳсулоти корхона воридотивазкунанда буда, метавонад бозори дохилиро бо маҳсулоти ватанӣ таъмин созад.
Корхонаи дигар аз ҷониби соҳибкор Дониёрбек Умаров бунёд шуда истодааст, ки дар он истеҳсоли мебел барои кӯдакон ба роҳ монда мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар ин корхона қариб ба анҷом расида, таҷҳизоти техникии замонавӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид карда хоҳад шуд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона то 30 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.