ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ, ОБШАВИИ ПИРЯХҲО ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Дар ибтидои асри XIX, вақте ки давраи яхбандӣ ва дигар тағйироти табиӣ дар палеоклимат бори аввал мушоҳида ва таъсири гармшавии табиӣ бори аввал муайян карда шуд, кашфи илмии тағирёбии иқлим оғоз ёфт. Дар охири асри XIX олимон изҳор доштанд, ки партовҳои газҳои гулхонаӣ аз тарафи одамон метавонанд тавозуни энергетикӣ ва иқлими Заминро тағйир диҳанд. Бисёр назарияҳои дигари тағирёбии иқлим, аз ҷумла қувваи вулканизм то тағйирот дар фаъолияти офтобӣ пешниҳод карда шудаанд. Дар солҳои 1960-ум далелҳои таъсири гармшавӣ аз гази карбон бештар мушоҳида карда шуданд. Баъзе олимон инчунин қайд карданд, ки фаъолияти инсон, ки аэрозолҳои атмосфераро ба вуҷуд меорад (ба мисли “ифлосшавӣ”) метавонад таъсири хунуккунанда дошта бошад.

Дар солҳои 1970-ум афкори илмӣ бештар ба нуқтаи назари гармшавӣ майл мекард. То солҳои 1990-ум дар натиҷаи беҳтар шудани дақиқии моделҳои компютерӣ ва мушоҳидаҳо маълум шуд, ки газҳои гулхонаӣ дар тағирёбии иқлим амиқ иштирок мекунанд ва партовҳои антропогенӣ ба гармшавии назарраси глобалӣ оварда мерасонанд. Аз солҳои 1990-ум инҷониб тадқиқот оид ба тағирёбии иқлим соҳаҳои гуногунро фаро гирифт ва густариш ёфт. Тадқиқот фаҳмиши моро дар бораи робитаҳои сабабӣ, иртибот ба маълумоти таърихӣ ва қобилияти андозагирӣ ва моделсозии тағирёбии иқлим васеъ кард. Таҳқиқотҳо дар ин давра дар гузоришҳои арзёбии Гурӯҳи байниҳукуматии муҳақиқон оид ба тағирёбии иқлими СММ ҷамъбаст карда шудаанд.

Тағйирёбии иқлим як тағироти назаррас ва доимӣ дар тақсимоти омории намунаҳои обу ҳаво дар давраҳои аз даҳсолаҳо то миллионҳо сол мебошад. Ин метавонад тағирёбии шароити миёнаи обу ҳаво ё тақсимоти обу ҳаво дар атрофи шароити миёна бошад (масалан, бештар ё камтар ҳодисаҳои фавқулоддаи обу ҳаво).

Тағйирёбии иқлим омилҳоеро чун равандҳои уқёнусӣ (масалан, гардиши уқёнус), равандҳои биотикӣ (масалан, растаниҳо), тағирёбии радиатсияи офтобии аз ҷониби Замин гирифташуда, тектоники плитаҳо ва таркишҳои вулқонҳо ва тағироти антропогении олами табииро дар бар мегиранд. Ин омилҳо боиси гармшавии глобалӣ мегардад ва истилоҳи “тағйирёбии иқлим” аксар вақт барои тавсифи таъсироти хоси инсон истифода мешавад.

Аз замонҳои қадим одамон гумон мекарданд, ки иқлими минтақа метавонад дар тӯли садсолаҳо тағйир ёбад. Масалан, Теофраст – шогирди файласуфи Юнони кадим Арасту (асри IV пеш аз милод) гуфта буд, ки хушк шудани ботлоқзорҳо баъзе минтақаҳоро ба яхбандӣ мерасонад ва пешниҳод кард, ки ҳангоми тоза кардани ҷангалҳо заминҳо гармтар мешаванд.

Минбаъд олимони аврупоии давраи Ренессанс ва донишмандони баъд аз он муайян карданд, ки буридани ҷангал, обёрӣ ва ташкили чарогоҳ иқлими атрофи баҳри Миёназаминро дигар кардаанд ва ҳисоб карданд, ки дахолати инсон ба обу боду ҳавои маҳаллӣ таъсир расонидааст. Олим ва арбоби давлатии Чин Шен Куо дар китоби худ, ки соли 1088 нашр шудааст назарияи тағирёбии тадриҷии иқлимро дар тӯли садсолаҳо пешбинӣ карда буд.

Дар асрҳои XVIII-XIX ба замини корам табдил додани ҷангалзор дар қисмати шарқии Америкаи Шимолӣ боиси тағйироти ошкоро дар рафти ҳаёти инсон гардид. Аз ибтидои асри XIX бисёриҳо боварӣ доштанд, ки шакливазкунӣ иқлими минтақаро шояд ба сӯйи беҳбудӣ тағйир медиҳад. Коршиносони дигар ба ин розӣ нестанд ва бар ин назаранд, ки буридани ҷангалҳо боиси ба зудӣ ҷорӣ шудани оби борон ва обхезӣ мешавад ва ҳатто метавонад боиси кам шудани боришот гардад.

Дар охири асри XIX афкори илмӣ аз ҳама гуна эътиқод ба таъсири инсон ба иқлим ба таври қатъӣ рӯй гардонд. Ва новобаста аз он ки оқибатҳои минтақавӣ дошта бошанд, кам нафарон тасаввур мекарданд, ки одамон метавонанд ба иқлими сайёра дар маҷмӯъ таъсир расонанд.

Дар ибтидои солҳои 1970-ум далелҳо дар бораи афзоиш ёфтани аэрозолҳо дар саросари ҷаҳон ва нишондоди силсилаи ҳарорати ҷаҳонии хунукӣ атмосферисти америкои Рид Брайсон ва баъзеи дигарро водор кард, ки аз эҳтимоли сардшавии шадид огоҳ кунанд. Саҳми асосии Брайсон дар баҳси тағирёбии иқлим идеяи “вулқони инсонӣ” буд, ки боиси сардшавии глобалӣ бо сабаби зиёд шудани сарбории аэрозолӣ мегардад. Ин андеша соли 1962 пас аз мушоҳидаи худи ӯ ҳангоми парвоз аз Ҳиндустон дар роҳ ба конфронс пайдо шуд, ки манзараи заминро абрҳо не, балки ғубор мепӯшонанд. Дар он вақт асбобҳои ҳароратсанҷ гармшавии бечунучароро нишон намедоданд ва чунин тасаввурот дар бораи он ки замин хунук шуда метавонад ва ба сардшавии минбаъда равон мешавад, беасос набуд. Саволҳо ва нигарониҳо, ки Брайсон ва дигарон ба миён гузоштанд, мавҷи нави таҳқиқотро дар бораи омилҳои ин сардшавии глобалӣ ба миён овард. Дар ҳамин ҳол, далелҳои наве, ки замони яхбандӣ бо давраҳои пешбинишавандаи орбиталӣ муайян карда шудааст, нишон медиҳанд, ки иқлим дар тӯли ҳазорон сол тадриҷан сард мешавад. Якчанд гурӯҳҳои илмӣ дар ин муддат ба хулосае омаданд, ки барои муайян кардани эҳтимоли гармшавӣ ё хунуккунӣ таҳқиқоти бештар лозим аст ва ин тамоюл дар адабиёти илмӣ то ҳол ба тавофуқ нарасидааст.

Дар натиҷаи баррасии адабиёти илмӣ аз соли 1965 то соли 1979 7 мақолае дарёфт шуд, ки сардшавӣ ва 44 мақола бошад гармшавии сайёраи заминро пешгӯии мекунанд. Дар мақолаҳои илмии минбаъда гармшавӣ бештар зикр шудааст. Пажӯҳишҳо дар бораи гармшавӣ ва газҳои гулхонаӣ нишон медиҳад, ки тадқиқотҳои пешгӯии гармшавӣ нисбат ба пешгӯии сардшавӣ шаш маротиба бештар буда, олимон асосан гармшавиро пешгӯӣ кардаанд. Масалан, Ҷон Сойер –метеорологи бритонӣ соли 1972 таҳқиқоти антропогении гази карбон ва таъсири “гармхона” –ро нашр карда, суръати гармшавиро аз соли 1972 то соли 2000 дақиқ пешгӯӣ намуд.

Дар солҳои 1980-ум истилоҳи “гармшавии глобалӣ” ва “тағйирёбии иқлим” бештар маъмул шуданд. Гарчанде ки ин ду истилоҳ баъзан ба ҷойи ҳамдигар истифода мешаванд, аз нигоҳи илмӣ, гармшавии глобалӣ танҳо ба афзоиши гармшавии сатҳи рӯи замин ишора мекунад, дар ҳоле ки тағирёбии иқлим маҷмӯи тағйироти системаи иқлимии Заминро тавсиф мекунад.

Гармшавии глобалӣ ба муҳити зист таъсири васеъ ва фарогир дорад. Дар натиҷаи гармшавии иқлим омилҳои зиёде ба амал меоянд. Аз ҷумла, яхҳои Арктика рӯ ба обшавӣ овард ва дар ҳолати ногувор қарор дорад. Пешгӯиҳои охирин нишон медиҳанд, ки Арктика метавонад дар тобистони соли 2025-2030 аз ях озод шавад (андозаи ях камтар аз 1 миллион км² муайян карда мешавад). Гурӯҳи байниҳукуматии муҳақиқон оид ба тағирёбии иқлими СММ тахмин мекунад, ки дар тӯли асри XXI сатҳи баҳр метавонад ба ҳисоби миёна 52-98 см боло равад.

Баландшавии ҳарорат боиси тағйирёбии миқдор ва тақсимоти боришот мегардад. Атмосфера намноктар мешавад, дар арзҳои баланд ва паст борон бештар ва дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикӣ камтар меборад. Дар натиҷа, обхезӣ, хушксолӣ, тундбод ва дигар ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво метавонанд бештар шаванд.

Бино ба маълумоти олимони факултети метеорологии Донишгоҳи Вашингтон (Сиэтл, ИМА) дар солҳои 80-уми асри XX дар сайёра дар як сол ба ҳисоби миёна 100-120 фалокат ва офатҳои табиӣ рух медод. Дар солҳои 2000-ум ба ин ҷониб шумораи тундбодҳо, гирдбодҳо, обхезиҳо ва дигар офатҳои табиӣ, ки ҳамасола дар сайёра рух медиҳанд, 5 маротиба афзоиш ёфт. Хушксолиҳо тез-тез шуда, давомнокии мавсими боронгариҳои муссонӣ зиёд шуд.

Чил сол пеш гармии шадиди тобистон маъмулан ба 0,1-0,2% сатҳи рӯйи замин таъсир мекард, имрӯз тақрибан 10% ва афзоиши минбаъдаи он пешбинӣ шудааст. Афзоиши консентратсияи гази карбон дар атмосфера боиси зиёд шудани CO2 дар оби баҳр ва ба ин васила зиёдшавии кислотанокии оби уқёнус мегардад. Ин ҳолат пастшавии рН мебошад, ки дар натиҷаи ворид шудани гази оксиди карбон ба уқёнус аз атмосфераи Замин ба амал меояд. Афзоиши кислотанокии оби уқёнус ба моҳиҳо, ва дигар захираҳои табии арзишманд барои ҷомеа таҳдид мекунад.

Бар асари гарм шудани обҳои уқёнус, обшавии ях дар қаъри уқёнус ё хуруҷи гидратҳои газ ва ярчҳои зериобӣ метавонанд боиси сунамӣ шаванд.

Гармшавии иқлим метавонад боиси ба минтақаҳои қутбӣ гузаштани доираи намудҳои биологӣ ва зиёд шудани эҳтимолияти нобудшавии намудҳои хурд – сокинони минтақаҳои соҳилӣ ва ҷазираҳо гардад ва гурезаҳои экологӣ пайдо шаванд.

Соли 2002 биологи америкоӣ Э.О. Уилсон тахмин карда буд, ки агар суръати кунунии нобудшавии биосфера бо сабаби антропоген идома ёбад, дар давоми 100 сол нисфи тамоми намудҳои наботот ва ҳайвонот дар рӯйи Замин нест мешаванд. Тибқи як назарсанҷии соли 2003, ки дар 14 маркази тадқиқотии гуногунии биологӣ гузаронида шуда буд, то соли 2050 15-37% намудҳои заминии мавҷудоти зинда аз сабаби тағирёбии иқлим «аз байн мераванд». Минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ бойтарин, ки аз ҳама бештар талафот таҳдид мекунанд, ҷануби Африқо ва ҳавзаи Кариб мебошанд.

Тибқи як пешгӯӣ, дар натиҷаи гармшавии глобалӣ то соли 2080 афзоиши заминҳои барои кишоварзӣ мувофиқ 4,2 миллион км² хоҳад буд (ҳоло – 3,8 млн. км² замини кишоварзӣ мавҷуд аст). Инчунин, аз сабаби кам шудани эҳтимоли сармо ва афзоиши намии атмосфераи замин хатари камҳосилӣ мушоҳида мешавад.

Дар натиҷаи гармшавии иқлим ҳама минтақаҳо зери хатар қарор мегиранд. Бахусус, кишварҳои рӯ ба инкишоф бештар зарар мебинанд. Дар ҷазираҳои хурд ва кишварҳои аз сатҳи баҳр поён обхезӣ ва болоравии сатҳи баҳр ба инфрасохтори ҳаётан муҳим ва ҷомеаҳо таҳдид мекунад.

Дар соли 2014 як мета-таҳлил гузаронида шуд, ки тибқи он, барои 1 °C болоравии ҳарорат, сатҳи зӯроварӣ аз ҷумла задухӯрдҳо, ҷиноятҳои зӯроварӣ, ошӯбҳо ё ҷангҳо 20% меафзояд.

Тавре ки дар як тадқиқоти соли 2020 қайд шудааст, агар гармшавии глобалӣ бо суръати ҳозираи худ идома ёбад, дар ним аср то 3,5 миллиард нафар метавонанд дар минтақаҳои обу ҳавои номусоид зиндагӣ кунанд. Ҳар дараҷа зиёд шудани ҳарорат метавонад тақрибан як миллиард нафар одамонро бе шароити муносиби зиндагӣ бимонад.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ қайд мекунад, ки тағирёбии иқлим ба омилҳои саломатии иҷтимоӣ ва муҳити зист, аз қабили ҳавои тоза, оби тозаи ошомиданӣ, ғизои кофӣ ва паноҳгоҳи бехатар таъсир мерасонад. Ҳарорати баланд боиси марги беморони дилу раг ва роҳҳои нафас, махсусан пиронсолон мегардад. Масалан, мавҷи гармои шадид дар Аврупо дар тобистони соли 2003 боиси марги беш аз 70 000 гардид. Ҳамасола офатҳои табиие, ки дар натиҷаи тағирёбии иқлим ба вуҷуд меоянд, боиси марги беш аз 60 000 нафар мешаванд.

Дар натиҷаи гармшавӣ ва обшавии яхҳо бактерияҳо ва вирусҳо метавонанд “бедор шаванд”. Дар Ямал алакай хуруҷи бемории сӯхтанӣ мушоҳида шудааст ва эҳтимолан ин беморӣ аз ҷасади оҳуи сироятшуда, ки пас аз 75 соли дафн об шудааст, ба вуҷуд омадааст. Биологҳо тахмин мезананд, ки мумкин аст дар қаъри замин микроорганизмҳои патогенӣ пинҳон шаванд, ки дар гузашта эпидемияҳои зукоми испанӣ, вабо ва вабои бубонӣ шуда буданд. Ва муҳаққиқон аз Иёлоти Муттаҳида аллакай дар намунаҳои ях 33 популятсияи вирусиро пайдо кардаанд, ки 28-тои онҳо қаблан маълум набуд.

Дар зери фишори ҷомеаи илмӣ ва созмонҳои ҷамъиятии экологӣ дар саросари ҷаҳон сиёсатмадорони кишварҳои пешрафтатарин соли 1997 Протоколи Киоторо имзо карданд. Созишномаи ба истилоҳ Киото барои танзими ҳаҷми партовҳои саноатӣ, ки миқдори зиёди газҳои гулхонаӣ доранд, тарҳрезӣ шудааст.

Мақсади асосии созишнома 5,2 фоиз кам кардани микдори партовҳои зарарнок ва ба дараҷаи соли 1990 расондани параметрҳои ифлосшавӣ буд. Дар натиҷа, атмосфера бояд аз пайвастагиҳои газҳои зараровар тоза карда шавад, ки ин боиси кам шудани таъсири гармӣ мегардад. Дар доираи созишномаи Киото барои партовҳои зарарнок миёни кишварҳо квота муайян карда шудааст. Барои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои назди Балтика ва Аврупои Шарқӣ ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ бояд 8%, Иёлоти Муттаҳида 7%, барои Канада ва Япония 6% кам карда шавад. Барои Русия ва Украина муайян шудааст, ки параметрҳои партови газҳои зарарнокро дар сатҳи соли 1990 риоя кунанд.

Сарфи назар аз миқёси ҷаҳонии масъала, на ҳама кишварҳое, ки манбаи партовҳо дар қаламрави онҳо ҷойгиранд, ин созишномаро дар сатҳи давлатӣ ба тасвиб расонидаанд. Масалан, Иёлоти Муттаҳида – кишваре, ки дорои иқтисоди калонтарин дар сайёра аст, ҳанӯз расмиёти ратификатсияро ба анҷом нарасондааст. Канада умуман аз узвияти Протоколи Киото хориҷ шуд, Чин ва Ҳиндустон танҳо ба наздикӣ ба кишварҳои ширкаткунандаи созишномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи иқлим ҳамроҳ шуданд. Дастоварди охирин дар ҷабҳаи глобалии иқлим Конфронси байналмилалии иқлими Париж буд, ки моҳи декабри соли 2018 баргузор шуд. Дар ҳошияи конфронс квотаҳои нави партовҳои газҳои гулхонаӣ муайян ва барои ҳукуматҳои кишварҳое, ки иқтисодашон аз истифодаи сӯзишвории маъданӣ дар иншооти саноатӣ вобаста аст, талаботи нав эълон карда шуд. Созишномаи нав роҳҳои рушди манбаъҳои алтернативии энергияро муайян кардааст. Ба инкишофи гидроэнергетика, зиёд кардани гармӣ дар технологияи истеҳсолот, истифодаи панелҳои офтобӣ диққати калон дода мешавад.

Сабабҳои асосии гармшавии глобалӣ на танҳо бо равандҳои геофизикӣ, балки бо консентратсияи баланди газҳои гулхонаӣ – CO2 ва CH4 (метан) алоқаманд мебошанд. Пиряхҳо ҳамеша об мешуданд, аммо имрӯз ин раванд бо суръат пеш меравад. Гармшавии глобалӣ дар рӯи замин метавонад хеле пештар, на дар тӯли ҳазор ё сад сол, балки хеле зудтар, дар давоми даҳ сол ба амал ояд.

Баланд шудани ҳарорати миёнаи сайёра боиси обшавии босуръати пиряхҳои сайёра мегардад, майдони яхбандии Гренландия ва Антарктида кам мешавад. Пиряхҳои Гренландия ва Антарктида манбаи оби ширини сайёра об мешаванд.

Аз соли 1975 то соли 2019 дар Ҳимолой пиряхҳо чоряки массаи худро гум карданд ва обшавии худро идома медиҳанд. Баландтарин қуллаҳои кӯҳ то ҳол зери барфу ях ҳастанд, аммо аллакай дар баландии 5000 то 5500 м растаниҳо пайдо шудаанд, ки қаблан бинобар паст будани ҳарорати ҳаво ғайриимкон дониста мешуданд. Олимон пешгӯӣ мекунанд, ки то соли 2100 сеяки тамоми яхҳо аз Ҳимолой нопадид мешаванд. Пиряхҳои Ҳимолой ҳафт дарёи бузурги Осиёро ғизо медиҳанд ва ба ин васила 2 миллиард нафарро бо об таъмин мекунанд. Нопадид шудани онҳо боиси норасоии об дар Ҳиндустон, Чин, Бангладеш, Покистон ва чанд кишвари дигар мешавад. Хоҷагии деҳот заиф шуда, ба коҳиши истеҳсоли ҷаву гандум ва найшакар сабаб мешавад.

Бо мақсади барқарор кардан ва аз обшавӣ эмин доштани яхҳои Артика ва Антарктика олимон ақидаҳои гуногунро пешбинӣ намудаанд. Яке аз онҳо, бо истифода аз насосҳои шамолӣ ва ба сатҳи болои об баровардани об, ки он роҳи тез ях кардани об мебошад. Истифодаи киштиҳои зериобӣ барои истеҳсоли айсбергҳо, ки ба каъри уқёнус фиристода мешавад, онҳо оби баҳрро ҷамъ мекунанд, аз намакҳо тоза мекунанд ва ба яхҳои шашкунҷа табдил медиҳанд. Пешниҳод мешавад, ки онҳо бо яхҳои табиӣ васл карда шаванд ё ба зери пирях партофта шаванд. Бо кӯрпаҳои сафед пӯшидани пиряхҳо, ки бояд нури офтобро инъикос кунанд ва обшавии обро суст кунанд.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳаҷми умумии пиряхҳо тақрибан ба 17 ҳазор км2 баробар мебошад, ки бештар аз 60 фоизи онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд. Тибқи маълумоти мавҷуда дар Тоҷикистон 8492 адад пирях ба ҳисоб гирифта шудааст, ки майдони умумии онҳо 8476,2 километри мураббаъро ташкил намуда, қариб 6 % масоҳати ҷумҳуриро дарбар мегирад. Пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 м ҷой гирифтаанд. Дар пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд, ки дар давоми 12 сол аз тамоми дарёҳои Осиёи Миёна ҷорӣ мегардад, баробар аст. Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон: Сир, Зарафшон ва Панҷ аз пиряхҳо ибтидо мегиранд. Аҳамияти пирях бобати ба об таъмин кардани соҳаҳои гуногуни халқи мамлакат бузург аст. Дар Чумҳурии Тоҷикистон пиряхҳои бузургтарин аз қабили Федченко (651,7км2), Грумм-Гржимайло (143км2), Гармо (114,6 км2) ва даҳҳо пиряхҳои дигар, ки зиёда аз 30 км2-ро фарогиранд дар нуқтаҳои баландтарини Тоҷикистон Исмоили Сомонӣ (7495м) ва Абу Алӣ ибни Сино (7134м) ҷойгир мебошанд.

Дар ҳавзаҳои дарёҳои Тоҷикистон: Муғсу — 1004 пирях, Бартанг — 269 пирях, Қизилсу (Шимолӣ) — 280 пирях, Ғунд — 1349 адад пирях, Мурғоб — 879 пирях, Зарафшон — 1227 адад пирях, дар ҳавзаи дарёи Хингов — 756 адад пирях мавҷуданд. Раванди гармшавии сайёра ба обшавии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири амиқ гузоштааст.

Барои омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон танҳо ду маротиба, солҳои 1928 ва 1957, маъмурияти бузурги илмию пажӯҳишӣ созмон дода шуда, ҳолату қабатҳои пиряхҳо ва асари тағйири ҳаво ба вазъи онҳо ба таври ҳамаҷониба таҳқиқ шуда буд. Дар зарфи ҳудуди 50 соли охир майдони пиряхи Федченко то ба яку ним километр ва пиряхи Гармо то ба 7 километр коҳиш ёфтааст ва аз 14 ҳазор пирях 1000 адади он пурра нобуд гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 марти соли 2021 дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад. Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд.

Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо буд.

14 декабри соли 2022 дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Ин иқдом бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид ва дар назди СММ Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо таъсис гардида, дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе ба нақша гирифта шуд.

Аҳаммияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор дар қатънома зикр шудааст.

Дар маҷмуъ, барои ҳифзи пиряхҳо амалӣ кардани тадбирҳои зерин зарурат дорад:

– барои маҳдуд кардани тағирёбии иқлим ва наҷот додани пиряхҳо, партовҳои ҷаҳонии CO2 дар даҳсолаи оянда бояд 45% кам карда шуда, пас аз соли 2050 ба сифр баробар карда шаванд;

– барои пешгирии обшавии пиряхҳо дар наздикии онҳо сохтани сарбандҳои сунъӣ зарур мебошад;

– аз қаъри пирях бо насосҳои бо нерӯи шамол коркунанда ҷамъоварӣ кардани ях ва дар болои пирях тақсим кардани он ва ба ин васила тақвият додани зичии он муҳим мебошад.

– пӯшидани пиряхҳо бо кӯрпаҳои сафед, ки бояд нури офтобро инъикос кунанд ва обшавии обро суст кунанд.

Тағйирёбии иқлим дар сайёра масъалаи танҳо як кишвар нест. Ин офати сустҳаракаткунанда аст ва оқибат ба ҳама кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад. Роҳҳои ҳалли он ба ҳукумати ҳамаи мамлакатҳо дахл мекунанд. Пешгирии таъғирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо ба инсоният вобастагии зич дорад ва итминон дорем, ки бо пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон кишварҳои олам тадбирҳои заруриро барои нигоҳ доштани пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим сари вақт амалӣ месозанд.

Турсунов Т.Х., муовини декани факултети

таърих оид ба илм ва равобити байналмилалии ДМТ