Қадрдонии иштирокчиён ва фаъолони Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” аз ҷониби Вазорати фарҳанг

Рӯзи 16 декабри соли равон Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ҷаъмбаст гардид.

Тавре Вазорати фарҳанг хабар медиҳад, пас аз анҷоми ин Намоишгоҳ дар фазои тантанавӣ аз номи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдорон ва фаъолони ин чорабинии муҳимми фарҳангӣ бо дипломҳо ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” аз 14 то 16 декабри соли ҷорӣ ба шарофати дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан дастгириҳои пайваста ва дастуру ҳидоятҳои Асрсгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Тайи рӯзҳои баргузории Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” ноширон аз ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Туркия, Ҷумҳури Исломии Эрон ва ноширони Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз чор ҳазор номгӯй китобро дар ҳама жанрҳои эҷодӣ ба маърази диди мардум гузоштанд.

Дар доираи рӯзҳои баргузории намоишгоҳ меҳмонон аз бузургтарин махзани китоби мамлакат – Китобхонаи миллии Тоҷикистон, аз маркази ифтихорот ва ёдгориҳои бостонии миллии мо – Осорхонаи миллии Тоҷикистон, аз шоҳкориҳои ҳунарии Кохи Наврӯз ва муассисаи табъу нашри “Нашриёти муосир” дар шаҳри Душанбе дидан намуда, барои хеш таассуроти амиқу фараҳбахше аз кишвари зебои мо бардоштанд.