Акс аз Маркази матбуоти раиси вилояти Суғд
18 декабри соли 2022 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин баргузор гардид.
Тавре Маркази матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар чорабинии сатҳи баланд минтақавӣ роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ, намояндагони кишварҳои иштироккунанда, варзишгарону мураббиён, ҷавонон иштирок доштанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки барои иштирок дар чорабинии варзишӣ аз меҳмонон аз ҷумҳуриҳои дӯсту бародари Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Гурҷистон, Беларус, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва Федератсияи Россия ташриф овардаанд.
Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 нафар варзишгарони кишварҳои Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон, Беларус, Туркманистон, Гурҷистон иштирок мекунанд.
Ин мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми рӯз идома ёфта, ба ғолибон туҳфаҳо, аз ҷумла ду автомашина ва мукофотҳои пулӣ супорида мешавад.
Дар маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба Федератсияи гӯштингирии вилоят автомашинаи хизматӣ тӯҳфа гардид.