Шоми 18-декабр бозии финалии Чемпионати ҷаҳонии футбол 2022 байни мунтахабҳои Аргентина ва Фаронса баргузор гардид.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Лусаил” баргузор гардида бо натиҷаи 3:3 анҷом ёфт, лекин дар зарбаҳои 11-метраи ҷаримавӣ футболбозони Аргентина бо ҳисоби 4:2 ғалаба ба даст оварда, Чемпиони ҷаҳон гардиданд.
Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 23-юми рақобат Лионел Месси аз пеналтӣ кушод. Дар дақиқаи 36-ум Аргентина ба шарофати голи Анхел Ди Мария бартарияшро дучанд кард. Бозӣ то дақиқаи 80-ум бо ин натиҷа ҷараён дошт, лекин Килиан Мбаппе аз зарбаи 11-метра ҳисоби бозиро тағйир дод ва пас аз аз як дақиқа Килиан Мбаппе ҳисобро 2:2 кард. Вақти асосии бозӣ бо ин натиҷа ба поён расид. Дар вақти иловагӣ Лионел Месси ва Мбаппе боз як голии дигар ба самар расонида ҳисобро 3:3 намуданд.
Дар ин рақобат Килиан Мбаппе хет-трик ва Лионел Месси дубл анҷом доданд. Ғолиб дар иҷрои зарбаҳои 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) муайян гардид ва бояд бигӯем, ки дар зарбаҳои 11-метра дарвозабони Аргентина қаҳрамонӣ нишон дод ва шогирдони Лионел Скалонӣ бо ҳисоби 4:2 пирӯзӣ ба даст оварданд.
Ҳамин тариқ Аргентина бо шикаст додани Фаронса ғолиби Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 гардид.