Шоми 17-уми декабр дар варзишгоҳи “Халифа” дар Доҳа, бозӣ барои ба даст овардани нишони биринҷии Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 миёни мунтахабҳои Хорватия ва Марокаш сурат гирифт.
Рақобати дастаҳо бисёр ҷолибу диданӣ доир гардида, бо ҳисоби 2:1 бар нафъи футболбозони Хорватия ба анҷом расид.
Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 7-уми рақобат Ойшко Гвардиол кушода, ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард. Баъд аз гузаштани ду дақиқа Ашраф Дари ба голи задаи хорватҳо ҷавоб гардонида, ҳисоби бозиро 1:1 намуд. Голи ғалабаовари ин дидорро дар дақиқаи 42-юм Мислав Оршич ба самар расонида, ба ҳисоби бозӣ нуқта гузошт.
Ҳамин тариқ Хорватия бори дуюм аст, ки пай дар пай дар Чемпионати ҷаҳонии футбол ба гирифтани медал даст меёбад. Дар Чемпионати ҷаҳони соли 2018 Хорватия ба финал баромад ва дар даври ниҳоӣ аз Фаронса бо ҳисоби 2:4 мағлуб шуда буд.
Тими мунтахаби Марокаш бошад дар Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 тавонист, ки таърихи наверо сабт кунад. Ин натиҷа барои мунтахаби Марокаш ва футболи Африқо натиҷаи рекордӣ ба ҳисоб меравад.