Дар доираи бозии даври нимниҳоии Чемпионати ҷаҳонии футбол дар Қатар мунтахабҳои Фаронса ва Марокаш ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Ал-Байт» баргузор гардида, бо ҳисоби 2:0 бар нафъи футболбозони Фаронса хотима ёфт.
Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 5-уми рақобат Тео Эрнандес кушода, ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард. Голи дуюми Фаронсаро дар дақиқаи 79-уми рақобат Коло-Муани ба самар расонида, ба ҳисоби бозӣ нуқта гузошт. Футболбозони Марокаш то ба охир талош намуданд, ки ба задани гол даст ёбанд, лекин бенатиҷа хотима ёфт. Ҳамин тариқ Фаронса бори дуюм пайиҳам ба финали Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифт.
Дар даври ниҳоӣ рӯзи 18-декабр Фаронса бо Аргентина рақобат мекунад. Барои ба даст овардани медали биринҷӣ бошад, Марокаш бо Хорватия мубориза мебарад.
Сорбон Амонуллозода