Рӯзҳои 20-22 декабр дар кишвари Исроил мусобиқаи «Jerusalem Masters 2022» баргузор мешавад. Ин охирин мусобиқа аз риштаи ҷудо дар соли 2022 ба ҳисоб меравад.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Эмомалӣ Нуралӣ (-66кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ мекунанд. Ин паҳлавонони маъруфи кишвар Эмомалии Нуралӣ бо 1040-имтиёз, Комроншоҳи Устопириён бо 2427-имтиёз ва Темур Раҳимов бо 5254-имтиёз чанд рӯз қабл ба мусобиқоти ниҳоии беҳтаринҳои сол «Masters» роҳ ёфта буданд.
Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар рӯзи аввали мусобиқа – 20 декабр рақобатҳо миёни мардон дар вазнҳои -60кг, -66кг ва миёни бонувон дар вазнҳои -48кг, -52кг ва -57кг доир мешавад.
Дар рӯзи дуюм — 21-декабр бошад мардон дар вазнҳои -73кг ва -81кг ва бонувон дар вазнҳои -63кг ва -70кг сабқат мекунанд. Мусобиқа 22-декабр бо рақобатҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг ва +100кг миёни мардон ва дар вазнҳои -78кг ва +78кг миёни бонувон хотима меёбад.
Соли 2022 ба мусобиқаи «Jerusalem Masters 2022» 314-варзишгар аз 55-кишвари ҷаҳон номнавис гардидаанд. Паҳлавонон дар ҳар вазн мувофиқи мавқеашон дар рейтинги ҷаҳонӣ сабқат мекунанд.
Иштирокчиёни мусобиқа дар баробари медалу ҷоизаҳои пулӣ, инчунин барои дарёфти холҳои арзишманд ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2024 дар Париж мубориза мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки «Masters» пас аз Бозиҳои олимпӣ ва Чемпионати ҷаҳон бузургтарин ва муҳимтарин мусобиқа ба ҳисоб меравад. Барои ба даст овардани медали тилло дар мусобиқаи Masters ба варзишгар 1800-имтиёз, медали нуқра 1260-имтиёз ва медали биринҷӣ 900-имтиёз дода мешавад.
Бояд қайд намоем, ки соли гузашта аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа «World Judo Masters» дар Давҳа се варзишгар иштирок намуда буданд. Аз миёни онҳо натиҷаи беҳтарро Темур Раҳимов нишон дод, ки дар вазни +100кг ҷойи 5-умро ба даст овард. Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода, ҳарду дар вазни -73 кг дар марҳилаи аввал шикаст хӯрда буданд.