Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе” оғоз гардид.
Тибқи иттилои хабарнигорамон Сарвинози Сайдалӣ Намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон доир гардида, дар он ноширони муваффақи ватаниву хориҷӣ китобҳои тозанашри хешро пешниҳоди дӯстдорону муштоқон ва аҳли фарҳангу маънӣ гардонида истодаанд.
Ҳамзамон дар ин намоишгоҳ намояндагони сафоратҳои муқими Тоҷикистон китобҳои нависандагону шоирони хешро пешниҳод намудаанд.
Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе аз соли 2010 инҷониб ҳамасола баргузор мегардад. Маврид ба зикр аст, ки солҳои гузашта Намоишгоҳи мазкур бахшида ба Рӯзи китоб, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 4 сентябр баргузор мешавад, доир мешуд. Имсол намоиши байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе то 16 декабри соли ҷорӣ дар назар аст.