ВКД ба хонандагони шаҳри Гулистон дар фазои тантанавӣ шиноснома супорид

Дар шаҳри Бустон 25 нафар хонандагон дар вазъияти тантанавӣ соҳиби шиноснома гардиданд, ки хатмкунанда ва довталаби донишҷӯӣ мебошанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ қабули дастаҷамъона ва дар вазъияти тантанавӣ супоридани шиноснома ба хонандагон ду сол мешавад, ки аз тарафи масъулини хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии МКД ҳамчун уҳдадории хизматӣ муқарар шуда, аз тарафи роҳбарияти хадамот назорат ва натиҷагирӣ карда мешавад. Ҷамъомади тантанавии навбатӣ дар толори Мактаби санъати шаҳр бо иштироки хонандагони се муассисаи таълимӣ Гимназияи №1, Мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва №14 баргузор гаштааст

Манбаъ менависад, ки Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Гулистон дар якҷоягӣ бо масъулини шуъбаи маориф ва комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки шаҳри мазкур бо мақсади таъмин намудани Фармоиши якҷояи ВКД ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмин намудани хонандагони ба синни 16 солагӣ расида бо ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият – шиноснома нақшаи корӣ тартиб дода, фаъолияти муштарак мебаранд. Дар оғози моҳи декабр марҳилаи навбатии корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо хонандагон дар шаҳри саноатии Гулистон оғоз ёфт, ки то ҷамъбасти соли хониши 2022-2023 идома хоҳад ёфт.

Давоми 11 моҳи соли 2022 дар ХШБ Шуъбаи ВКД дар шаҳри Гулистон ба 638 нафар бори аввал шиносномаи умумишаҳрвандӣ таҳия карда шудааст ва дар 15 муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр масъулини хадамоти мазкур 27 вохӯрӣ ташкил намуда бо хонандагон мулоқот намудаанд.