Маркази антропологияи АМИТ барои ишғоли вазифаҳои холӣ  кормандони илмӣ  меҷӯяд

Маркази антропологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи кормандони илмии марказ озмун эълон менамояд.

—  ходими илмӣ – 3 ҷой;

—  ходими хурди илмӣ – 1 ҷой.

Талабот барои ишғоли вазифаи кормандони илмӣ:

—  барои ишғоли вазифаи ходими илмӣ ва ходими хурди илмӣ доштани маълумоти олии касбӣ ё магистрӣ дар самти илмии ба Марказ дахлдор;

—  на камтар аз 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

—  доштани корҳои нашршудаи илмӣ вобаста ба самти фаъолияти Марказ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

—  аризаи шахсӣ ба унвонии директори Марказ;

—  варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

—  шарҳи ҳол;

—  4 адад акси андозаи 3×4;

—  нусхаи шиноснома;

—  нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти олӣ;

—  нусхаи дипломи дараҷаи илмӣ, аттестати унвони илмӣ;

—  нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

—  маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ шакли 038 УЕ;

—  маълумотнома аз ҷойи истиқомат;

—  нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

—  нусхаи гувоҳномаи РИС (СИН).

Довталабон метавонанд ба нишонии зерин муроҷиат намоянд:

шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ – 33, Маркази антропологияи АМИТ.

Телефон: (+992) 227-47-66.

E-mail: anthropology.centr@mail.ru

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: 21 рӯз баъди чопи эълон (Аз 13 декабри соли 2022).