Аргентина бо шикаст додани Хорватия ба финали Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 роҳ ёфт

Дар доираи бозии даври нимниҳоии Чемпионати ҷаҳонии футбол дар Қатар мунтахабҳои Аргентина бо Хорватия ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Лусаил» баргузор гардида, бо ҳисоби калони 3:0 бар суди футболбозони Аргентина хотима ёфт.

Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 34-уми рақобат аз зарбаи 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) Лионел Месси кушода, Аргентинаро ба пеш баровард. Баъд аз гузаштани 5-дақиқа Хулиан Алварес бо як гузариши зебо тӯби дуюмро вориди дарвозаи Хорватия намуд. Дар дақиқаи 69-уми рақобат бошад, Месси бо як гузариши бисёр олӣ тӯбро ба Хулиан Алварес ирсол намуд ва ирсоли намудаи Мессиро Алварес ба гол табдил дода, ба ҳисоби бозӣ нуқта гузошт.

Бояд қайд намоем, ки Алварес дар ин рақобат дубл кард. Ҳамин тариқ Аргентина бо ҳисоби калони 3:0 Хорватияро шикаст дода, ба финали Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 роҳ ёфт. Рақиби Аргентина дар финал имрӯз аз бозии даври нимниҳоӣ миёни мунтахабҳои Марокаш ва Фаронса муайян мегардад.