Акс аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Аз ҷониби Федератсияи Россия рӯзи 12 декабри соли равон ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як адад нақлиёти сайёр тақдим карда шуд.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дода, таъкид мекунад, ин ташаббус дар доираи Барномаи кумаки техникӣ ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар самти мубориза бар зидди ВНМО ва дигар бемориҳои сироятӣ, ки Аз ҷониби Федератсияи Россия амалӣ мешавад, сурат гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими супоридани он сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Навруз Ҷафаров, намояндагони Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО иштирок намуданд.
Қайд гардидааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ фаълияти хешро дар самти мубориза бар зидди бемории сироятии ВНМО боз ҳам пурзӯр намуда, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.