Чанд маслиҳати КҲФ барои пешгирӣ аз ҳамлаи гургон

Пас аз ҳамлаи галаи гургон дар 11 декабри соли 2022 ба сари як рама дар деҳаи Сежди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, ки 28 сар чорвои хурдро дариданд, КҲФ ба сокинони навоҳии кӯҳистон чанд тавсия ироа кардааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо таваҷҷуҳ ба такрори ин гуна ҳодисаҳо гуфтааст, ки агар гургон дар минтақае сайд пайдо накунанд, ба одамон ва чорвои хонагӣ низ дармеуфтанд ва зарфи чанд соли охир дар Тоҷикистон ин гуна ҳодисаҳо ба қайд гирифта шуда буданд.

ГУРГҲО ЧӢ ҲАЙВОНАНД?

Гургҳо ба оилаи сагсонҳо дохиланд ва аз миёни сагҷинсон бузургтаринҳо ба шумор меравад. Дар гузашта гург дар рӯйи Замин аз ҷумлаи ҳайвоноти паҳншудатарин ба шумор мерафт ва ба ҳаёти одамон чӣ он замон ва чӣ ҳоло таъсири амиқ дорад. Маҳз гург сарнасли гунаҳои мухталифи сагҳои хонагӣ ба шумор меравад.   

ЧӢ БОЯД КАРД, КИ АЗ ҲАМЛА НАҶОТ ЁБАНД?

Аввалан, кӯшиш кунед ба он ҷойе наравед, ки аз ин пештар гургон шуморо дар он ҷо мушоҳида карда буданд. Талош кунед ноаён бимонед. Баъзан гургон тани танҳо гардиш мекунанд, вале маъмулан ба ҳам ва бо гала шикор мекунанд.   

Дуввум, агар гург шуморо дид, пас оҳиста аз назди вай дур шавед. Ҳаргиз аз вай чашм наканед ва ба гург пушт нагардонед. Агар тасмим гирифтед, ки аз наздаш меравед, пас ақибнокӣ равед. Агар гург дар паси шумо қарор гирад, пас метавонад ғаризаи ваҳшонияташ бар ӯ ғолиб ояд ва ба шумо аз пас ҳамла кунад.

Сеюм, надавед. Гургон хеле ҳайвонҳои тезраванд ва суръати ҳаракати онҳо болотару тезтар аз суръати ҳаракати инсон аст, бахусус агар онҳо дар ҷангал бошанд. Ва агар онҳо ҷавобан ба фироратон ба шумо дар аввал ҳамла ҳам накунанд, вале баъдан ҳатман ин корро мекунанд.

ЧАНД МАСЛИҲАТИ ХЕЛЕ КУТОҲ

Гурги танҳо гумон аст аз пеш ҳамла кунад, ҳамлаи гургона ҳамеша аз пас аст. Бахусус, онҳо ба одамони бузургҷусса аслан ҳамла намекунанд. Аз ин рӯ, қомати худро баланд гиред: дастонатонро паҳн кунед, ашёи калонро дар даст дошта бошеду онро авлонҷ диҳед. Табиатан гургон аз одамон метарсанд.

Агар ба гургон дучор омадед, нагурезед, зеро гургон ғаризаи таъқиби сайди дар ҳоли фирорро доранд.

Агар ба маҳалле меравед, ки медонед он ҷо гургон муқиманд, талош кунед хислати онҳоро донед, ҳар қадар дар бораи онҳо зиёдтар донед, имкони зинда монданатон аз ҳамлаҳои гургона зиёд аст.

Гургон насли худро басо дӯст медоранд ва хуш надоранд, ки ба гургбачаҳои онҳо касе даст расонад. Гургон ҳатто метавонанд гургбачаҳоро баъди иртиботашон бо инсон раҳо кунанд ва аз галаи худ ронанд. Агар шумо гургбачаро дидед, ҳаргиз ба вай наздик нашавед!

Фикр накунед, ки гург ба мисли саг аст. На, ҷоғи гург аз ҷоғи саг ба маротиб пурқувваттар аст.

Аз гург чашм наканед, вале ҳеч вақт РОСТ БА ЧАШМОНАШ НИГОҲ НАКУНЕД! Ин метавонад сабаби хашми вай шавад.

Танҳо ба сафар набароед. Вақте одамон гурӯҳӣ сафар мекунанд, имкони бештари пирӯзӣ бар галаи гургон доранд.

Гургон низ чун дигар дарандагон хеле эҳтиёткоранд ва ба хотири ғизо ҷони худро ба хатар намеандозанд. Агар бинанд, ки шумо барояш як сайди хатарнокед, худро пас мекашанд ва ба роҳи худ мераванд.

Агар ба гурги хобида рӯбарӯ омадед, оҳиста ва бе ягон мағал аз вай дур шавед. Ҳеч вақт ба он наздик нашавед. Дар ёд дошта бошед, ки дар назди шумо даранда хобидааст ва амали вай пешгӯинашаванда аст. Метавонад ногаҳон ба шумо даруфтад!

Агар шуморо гург газид, пас фавран бояд ба бемористон равед. Талаб кунед, ки на танҳо захмро даво кунанд, балки ташхиси ҳорӣ низ гузаронанд.

Аз галаи гургон фирор накунед. Бо ҳам бошед, бачаҳо ва пирсолонро дар миёна гиред. Ба сӯи онҳо сангпартоӣ кунед, баланд садо занед, мағал бардоред.

Ба гург ғизо надиҳед! Агар гургонро сер кардед, онҳо одат мекунанд ва дигар аз одамон наметарсанд. Гурге, ки аз дасти одам ғизо мехӯрад, билохира ба вай дармеуфтад, чун дигар ҳисси тарс аз инсон аз ӯ гум мешавад.