“Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” қабул шуда, заминаҳои рушди рушди кинои миллиро дар панҷ соли оянда фароҳам хоҳад кард. Дар ин бора МД “Тоҷикфилм” хабар додааст.
Ба маълумоти манбаъ, 29-уми ноябри соли 2022 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис лоиҳаи “Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо ҷонибдорию дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул дониста шуд.
Ба бовари муаллифони барнома, ҳадафи кинои миллӣ ба ҳайси маъмултарин санъат, тарғиби идеологияи давлат, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таъриху фарҳанг, анъана ва расму оини миллати тоҷик дар давраи ҷоҳонишавӣ мебошад.
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» лоиҳаи “Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2023-2027” бо назардошти вазъи воқеии соҳа, раванди ҷаҳонишавӣ ва амалисозии муққаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кино”, мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, аз 01.12.2016, №636, Протоколи маҷлиси Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ, аз 11.11.2021, №4/26-26 ва ҳадафу вазифаҳои оинномавӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи кино ва тамоюли инъикоси фарҳангу худшиносии миллӣ таҳия намудааст.
Маблағгузории чорабиниҳои Барномаи мазкур аз буҷети давлатӣ, маблағҳои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, инчунин шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҳамзамон дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
Барномаи мазкур дар асоси таҳлилҳои асоснок бо таваҷҷуҳ ба дурнамои рушди кинои ватанӣ таҳия гардида, дар он роҳҳо ва воситаҳои рушди кинои тоҷик муайян гардидааст.
Ҳадаф ва вазифаҳои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” пеш аз ҳама истеҳсол, паҳнкунӣ, намоиши оммавии кино, таъмини рушди кинематография ва санъати аудиовизуалии миллӣ, таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа, ташкили назорати фаъолияти кинотолорҳо ва нуқтаҳои нусхабардорӣ, ба низом даровардани бозори маводи аудиовизуалӣ мебошад, ки бе заминаи устувори моддию техникӣ ва дастгирии давлатӣ амалӣ шудани онҳо ғайриимкон аст.
“Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” масоили муҳими соҳа, аз қабили тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар хориҷи кишвар, таъмини соҳаи синамо ба техникаву технологияи ҳозиразамони филмофарӣ ва кинонамоишдиҳӣ, истеҳсоли филмҳои баландмазмуни миллӣ, ҷалби мутахассисони баландихтисос, барқарорсозии хазинаи миллии кинои тоҷик, муҷаҳҳаз намудани кинотеатрҳо бо технологияи нави муосир, таҳкими заминаи моддию иқтисодӣ ва ҷалби тамошобинро ба синамо фаро гирифта, ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо дигар кишварҳо ҷиҳати истеҳсоли филмҳои муштарак, пешниҳоди дастовардҳои соҳаи синамои тоҷик дар ҷашнвораҳои байналмиллалию минтақавӣ ва муаррифии кинои тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Ҳангоми таҳияи лоиҳа ба ғайр аз таҷрибаи миллӣ, инчунин таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар соҳаи филмофарӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ ба инобат гирифта шудааст.
Муддати амали Барнома панҷ сол ва нақшаи амали он ду марҳиларо (солҳои 2023-2025 ва солҳои 2026-2027) дар бар гирифта, дар солҳои минбаъда тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти соҳаро ба танзим дароварда, пояҳои рушди кинои миллиро таҳким бахшида, тавсеаи ҳамкориҳо ва ба арсаи ҷаҳонӣ роҳ ёфтани кинои тоҷикро амалӣ менамояд.