Ҳеҷ шаҳри Тоҷикистон нест. 100 шаҳри дорои ҳавои олуда дар дунё маълум шуд

Раддабандии 100 шаҳри дунё аз руйи ҳавои олуда дар соли 2022 муайян карда шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ин раддабандии ҷаҳониро «World Air Quality» анҷом додааст.

Манбаъ нигоштааст, ки Пекин (Чин), Бағдод (Ироқ) ва Бишкек (Қирғизистон) дар садгонаи шаҳрҳои ҷаҳон аз рӯи олудашавии ҳаво дар соли 2022 се ҷои аввал қарор гирифтанд.

Раддабандӣ бар асоси маълумот дар бораи сатҳи PM2.5 — хурдтарин зарраҳои андозаашон аз 0,001 то 2,5 микрометр дар 100 шаҳри ҷаҳон тартиб дода шудааст. Масалан, тибқи рейтинг, консентратсияи кунунии PM2.5 дар Бишкек аз арзиши миёнаи солонаи сифати ҳаво, ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тавсия гардидааст, 49,1 маротиба зиёдтар мебошад.

Ба феҳристи шаҳрҳое, ки дорои ҳавои олуда мебошанд, ҳамчунин Деҳлӣ, Мумбай ва Калкутта (Ҳиндустон), Лоҳур ва Қарочӣ (Покистон), Москва ва Архангелск (Россия), Тошканд (Узбекистон), Остона (Қазоқистон), Давҳа (Қатар), Риёз (Арабистони Саудӣ), Байтулмуқаддас ва Тел-Авив (Исроил), София (Булғористон), Ню-Йорк, Портленд ва Детройт (ИМА), Краков (Лаҳистон), Брюссел (Белгия), Вена (Австрия), Торонто (Канада), Будапешт (Маҷористон), Токио (Ҷопон), Истанбул (Туркия) ва ғайра шомил гардидаанд.


Нишондиҳандаҳои PM2.5 бар тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ асос ёфтаанд, ки моҳи сентябри соли гузашта бори аввал аз соли 2006 нав карда шуданд. Бо эътирофи таъсири қавии олудашавии ҳаво ба саломатии инсон Созмони ҷаҳонии тандурустӣ сатҳи дилхоҳи солонаи PM2.5-ро аз 10 то панҷ микрограмм дар як метри мукааб ду баробар коҳиш дод. Ҳадаф- пешгирии миллионҳо марг аст.

Тавре муаллифони гузориш зикр мекунанд, олудашавии ҳаво ҷиддитарин таҳдид ба муҳити зист маҳсуб мешавад, зеро ҳамасола ҳафт миллион нафар бар асари он ҷони худро аз даст медиҳанд. Он бисёр бемориҳо – аз нафастангӣ то саратон, бемориҳои шуш ва дилро ба вуҷуд оварда, шадидтар мегардонад ва хароҷоти рӯзона ба иқтисодиёт тақрибан ҳашт миллиард долларро ташкил медиҳад. Соли 2019 мавҷудияти моддаҳои зараровар дар ҳаво (дар дохил ва беруни бино) боиси тақрибан 12% марг гардида буд.