Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба диққати корҷӯён мерасонад, ки бахшида ба “Рӯзи байналмилалии муҳоҷир» ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор мегардад. Дар ин бора аз Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба радиои “Тоҷикистон” хабар доданд
Ба иттилои манбаъ, баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод 10 декабр дар шаҳри Кӯлоб, 12 декабр дар маркази маъмурии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Рӯдакӣ, Ҷ. Расулов, 13 декабр дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Вахдат. Б. Ғафуров, Дӯстӣ, 14 декабр дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Мастчоҳ ва 15 декабри соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки ширкатҳои сохтмонии ҶСК «НБО Роғун» ва дигар ташкилоту корхонаҳои соҳаи сохтмон, саноат, нақлиёт ва энергетика дар назар аст.
Андозаи музди миёнаи меҳнат барои кормандон аз 2700 то 4500 пешбинӣ шудааст.