Дар шаҳри Анқараи Туркия ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони муассисаҳои давлатии тандурустии Туркия, ки дар таъмини нигаҳдории солимии аҳолии ин кишвар нақши муҳим доранд, мулоқотҳои дуҷониби анҷом доданд, аз ҷумла муовинони вазири тандурустии Тоҷикистон ва Туркия вобаста ба таҳкими шарикии стратегии ду кишвар ва дастгирии татбиқи минбаъдаи ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон дар доираи Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мубодилаи афкор намуданд.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дода, менависад, ки Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи ислоҳоти системаи тандурустӣ, алалхусус дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ таҷрибаи бой дорад. Мубодилаи афкор ва муҳокимаи ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия имконият медиҳад, ки таҷрибаи пешқадамро дар робита ба ҷорӣ намудани механизмҳои нави маблағгузории соҳаи тандурустӣ, беҳтар намудани дастраси ба хизматрасониҳои тиббӣ ва пешрафт дар самти ноил шудан ба фарогирии умумии тиббӣ ва ҳадафҳои рушди устувор муайян карда шаванд.
Ин боздид доираи сафари кории намояндагони Тоҷикистон, иборат аз сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Рухшона Насриддинзода, муовини вазири молия Сарвар Қурбониён ва муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Нурулло Маҳмадуллозода аз 28 ноябр то 2 декабри соли равон, сурат гирифтааст.
Илова бар ин, дар ҳайат намояндагони раёсат ва бахшҳои асосии ҳар як вазорати дар боло зикргардида, аз ҷумла аз вилоятҳои Суғду Хатлон, инчунин Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардиданд. Дар ин сафар шарикони рушд ва коршиносони байналмилалии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба маблағгузории тандурустӣ низ ширкат намуданд.
Ба иттилои манбаъ, ин сафар корӣ бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи системаи маблағгузории тандурустӣ ва кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ анҷом шудааст.
Ҳамзамон, дар доираи сафари корӣ намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як қатор муассисаҳои тиббии шаҳри Анқара дидан намуда, бо фаъолияти онҳо шинос шуданд.