Акс аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон
22 ноябри 2022 дар Китобхонаи шаҳри Токио вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов бо Директори Китобхонаи марказии Токио ҷаноби Фукузаки Хироши баргузор гардид.
Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон хабар дода, тавзеҳ медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо дар робита ба барқарор намудани ҳамкориҳои муштарак байни китобхонаҳои Тоҷикистон ва Китобхонаи шаҳри Токио, аз ҷумла дар самти фаъолияти китобдорӣ ва китобхонашиносӣ, ташкили намоишҳои китоб дар Тоҷикистону Япония ва мубодилаи коршиносон дар тамоми соҳаҳои китобдорӣ табодули назар намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ба Китобхонаи шаҳри Токио чанд нусха аз китоби “Хазинаи тиллои тоҷикон” (муаллиф Ҳамрохон Зарифӣ), ки соли ҷорӣ ба забони японӣ ба нашр расид, тақдим гардид.