Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги кишвар мизи мудаввар дар мавзӯи «Тасвири сохтмонҳои азим дар публитсистикаи муосир» баргузор гардид. Ба иттилои масъулин мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти ҶТ, ки ҳамасола 16 ноябр ҷашн гирифта мешавад, роҳандозӣ шудааст.
Дар мизи мудаввар муҳаққиқони соҳаи рӯзноманигорӣ ширкат намуда, роҷеъ ба хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат ва рушду нумӯи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ маърӯза намуданд.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги кишвар номзади илмҳои филологӣ Абдуфаттоҳ Аминов оғоз гардида, номбурда иброз дошт, ки нақши Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани ташаббусҳои байналмилалӣ бесобиқа мебошад. Профессор Мурод Муродӣ дар мавзӯи “Таҷассуми НБО – и Роғун дар публитсистикаи муосир” маърӯза карда, баён намуд, ки мавзӯи сохтмонҳои азим дар нигоштаҳои як қатор публитсистон таҷассум ёфта, мақсади ҳар яке аз ин навиштаҳо мужда додан аз ободкориву созандагии имрӯз ба ояндагон мебошад.
Дар идома Насриддин Охунзода ходими калони илмии ПИТФИ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар бунёди сохимонҳои азим” суханронӣ намуда, гуфт, ки яке аз хизматҳои шоистаи таҳсини Пешвои муаззами миллат дар он зоҳир мегардад, ки пас аз ба даст овардани Истиқлоли комили миллӣ тавонистанд Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшанд.
Дар мизи мудаввар инчунин ду маърӯзаи дигар роҷеъ ба “Роғун дар публитсистикаи Раҷабалӣ Аҳмад” ва “Матбуоти даврӣ ва ташаббусҳои байналмиллалии Тоҷикистон марбут ба об” шунида шуд.
Дар охир миёни иштирокдорони ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифта, баъзе аз масъалаҳои марбут ба мавзӯи миззи мудаввар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Парвина Самандарзода
радиои «Тоҷикистон»