8-уми ноябри соли 2022 дар ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва соҳибкорони ватанӣ бинои шуъбачаи милитсияи деҳотӣ ифтитоҳ гардидааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода, менависад, ки дар ифтитоҳи бино муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Нозимзода Файзулло Ватан, Раиси ноҳияи Темурмалик Ҳасанзода Шералӣ иштирок намуданд.
Иншооти мазкур аз се ошёна, таҳхона ва 8 утоқи корӣ иборат буда, дар масоҳати умумии зиёда аз 800 метри мураббаъ бо тарҳи зебо сохта шуда, бо шароити муосири кору фаъолият барои кормандони милитсия ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба сокинони деҳоти дурдаст бунёд гардидааст.
Атрофи бино дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ сафолакпӯш гардида, гулҳои рангоранг ва ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудааст.
Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандони милитсияро барои садоқатмандона хизмат кардан ба Ватан, саҳм гузоштан дар коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирии он, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳидоят намуданд.
Ҳайати шахсии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Темурмалик ва намояндагони Мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ва ифтихори ватандориву хештаншиносӣ дар ин ҷамъомад ширкат варзиданд.