Пирӯзии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14) дар бозии дуюми CAFA-2022 муқобили Ӯзбекистон

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14) зери роҳбарии сармураббӣ Далер Қаёсов дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар шаҳри Ҳисор баргузор гардида истодааст, дар бозии дуюмаш низ ғолиб гардид.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14) дар бозии дуюми CAFA-2022 тими Ӯзбекистонро бо ҳисоби калони 4:0 шикаст дод.

Ёдовар мешавем, ки тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14) дар бозии аввал мунтахаби наврасони Туркманистонро бо ҳисоби 9:0 ноком карда буданд.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасони то 14-сола:

Даври 3-юм

Тоҷикистон Ӯзбекистон – 4:0.